Имтиҳонҳои имсол низ дар майдонҳову хиёбонҳо баргузор мешавад?


Соли ҷорӣ низ дар варзишгоҳҳову хиёбонҳо баргузор шудани имтиҳонҳои дохилшавӣ ба донишгоҳҳо эҳтимол дорад. Дар ин бора Фарҳод Мирзоев, раиси садорати Маркази давлатии тест гуфтааст.
Ба гуфтаи Мирзоев, марказ дар ҳоли ҳозир ду роҳи баргузории имтиҳонҳоро баррасӣ мекунад. Яке аз онҳо дар биноҳои калон ва дувум дар майдонҳои кушод баргузор кардан аст.
То оғози имтиҳонҳо 103 бинои калон барои 50 460 нафар довталаб ва 66 варзишгоҳу хиёбон барои 60 570 нафар довталаб омода мегардад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ