Кӯпкарӣ : Ихтиёр Толибов соҳиби автомобили «Cobalt» шуд

Ба муносибати иди Наврӯзи оламафрӯз имрӯз, 18-уми март, дар майдони асптозии Қароқасмоқи ноҳияи Ҷомбой мусобиқаи бузкашӣ-кӯпкарӣ баргузор шуд.

Дар ин тадбир, ки бо ташаббуси ҳокимияти вилояти Самарқанд ташкил шудааст, човандозон аз минтақаҳои гуногуни кишвар, инчунин Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ширкат варзиданд. Дар майдон беш аз 700 нафар паҳлавонон барои мукофоти олӣ, автомобили «Cobalt» мубориза бурданд.

Ғайр аз ин, дар мусобиқа човандозони чолок ҷоизаҳо ба монанди шутур, тойча, бузғола, қолин ва бисёр ҷоизаҳо ва мукофотҳои пулиро ба даст оварданд.

Ҷоизаи асосии таъинкардаи ҳокимияти вилоят — «Cobalt» насиби сокини ноҳияи Пайариқ, паҳлавон Ихтиёр Толибов, ки бо лақаби «Тайсон» маъруф аст, гардид.

Калид ва сертификати мошинро ба Ихтиёр Толибов ҷонишини ҳокими вилояти Самарқанд Ф. Абилов супурд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ