Австрия омода аст истеҳсоли ваксинаи «Спутник V»-ро ба роҳ андозад


Ҳукумати Австрия омода аст дар кишвари худ истеҳсоли ваксинаи «Спутник V»-и Русияро ба роҳ андозад.
Себастян Курс, канслери Австрия дар мусоҳибаи шабакаи телевизионии
Миллии кишвар гуфт, “Ман исрос мекунам, то дар Аврупо ба истифодаи «Спутника V» ва дигар ваксинаҳои бехавф ҳарчӣ зудтар иҷозат диҳанд. Ҳарчӣ бештар будани ваксина беҳтар аст”.
Дар Олмон низ се замини федералӣ ин ташаббусро дастгирӣ карданд.
Аммо Ангела Меркел, канслери Олмон гуфт, ки ин дар сурати тақдими сертификати Аврупо ба «Спутник V» имконпазир хоҳад буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ