Муноқиша дар Донетск афзоиш меёбад

Дар ҷумҳурии эътирофнашудаи Донетск хабар додаанд, ки рӯзи чаҳоршанбе якбора вазъият бад шуда, тирпарронии дутарафа байни Қувваҳои мусаллаҳи Украина ва ҷанговарони Донетск шиддат гирифтааст. Намояндаи ҷумҳурии эътирофнашуда иттилоъ дод, ки нирӯҳои амниятии Украина дар давоми шабонарӯзи гузашта 21 маротиба ба қаламрави Донетск оташ кушодаанд.
«Дар давоми рӯз аз 16 то 17-уми март вазъ дар хатти тамос шадидан бад шуд. Бузургтарин амалиёти оташкушоии ҷангиёни украинӣ дар самти Мариупол қайд карда шуд», — гуфтааст сухангӯи полис.
Дар навбати худ, қувваҳои Украина ҷангиёни Донетскро ба нақзи оташбас гунаҳгор мекунанд. Вазъият дар ин минтақа рӯзҳои охир шиддат меёбад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ