“Барса” ва “Юве” боз бозигарони худро иваз мекунанд

“Барселона” мехоҳад ҳамлагари “Ювентус” — Пауло Дибаларо ба ҳайати хеш даъват созад. “Нилунориҳо” нақша доранд, ки ки Антуан Гризманнро бар ивази Дибала ба Турин фиристанд. Ба иттилои манбаъ, роҳбарияти “Барселона” аз бозии ҳамлагари фаронсавӣ қаноатманд нестанд. “Ювентус” зидди мубодила нест, зеро Дибала ҷойгоҳи худро дар ҳайати асосӣ аз даст додааст. Агар тарафҳо ба мувофиқа расанд, қарордод метавонад тобистон баста шавад. Дар мавсими солҳои 2020/2021 Антуан Гризманн дар ҳайати “Барселона” 39 бозӣ гузаронида, 13 гол зада, 11 партофти головар анҷом додааст. Пауло Дибала бо “Ювентус” 16 бозӣ гузаронида, се гол задааст ва ду партофт дорад. Ёдовар мешавем, ки қаблан дастаҳои “Барса” ва “Юве” футболбозони хеш Артур Мело ва Пияничро иваз намуда буданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ