Дар Арманистон интихоботи порлумонӣ пеш аз муддат баргузор мешавад


Рӯзи 20 июни соли ҷорӣ дар Арманистон интихоботи пешазмуддатии порлумонӣ баргузор мешавад. Дар ин бора сарвазири Арманистон Никол Пашинян рӯзи 18-уми март дар мулоқот бо раҳбарони мухолифон хабар дод.
Бино ба хабари Радиои Озодӣ, Никол Пашинян ба далели ҷанги шашҳафтаинаи хунини Арманистону Озарбойҷон барои Қаробоғи куҳӣ зери фишори тазоҳургарон ва мухолифони давлат қарор гирифтааст. Онҳо саъй доранд, Пашинянро ба истеъфо водор кунанд.
Президентҳои собиқи Арманистон низ аз Пашинян талаб карданд, ки истеъфо диҳад. Ситоди кулли қувваҳои мусаллаҳи Арманистон низ моҳи феврал истеъфои сарвазирро талаб карда буд. Вале Пашинян онро кӯшиши табаддулоти давлатӣ номид.
Ҷанги 44-рӯзаи Арманистону Озарбойҷон дар соли гузашта баъди имзои созиши сулҳ дар моҳи ноябр ба поён расид. Бар асоси созиш, ки бо миёнаравии Русия ҳосил шуд, Арманистон қисматҳое аз Қаробоғи куҳӣ ва атрофи онро ба Озарбойҷон дод ва дар ҷанг ҳам талафоти зиёде дид. Никол Пашинян, ки эътилофи сиёсиаш дар порлумон аксари курсиҳоро дар даст дорад, талаби мухолифон барои истеъфо ва эълони интихоботи барвақтиро рад карда ва хоҳони машварат шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ