Кореяи Шимолӣ бо Малайзия робитаҳои дипломатикиро қатъ кард


Вазорати корҳои хорҷии Кореяи Шимолӣ дар бораи қатъи робитаҳои дипломатӣ бо Малайзия хабар дод.
Бино ба хабари расонаҳои хориҷӣ, Малайзия як шаҳрванди Кореяи Шимолиро ба ИМА мустарад (экстрадиция) кард ва ин боиси хашми мақомоти “шимолиён” шудааст.
Дар баёнияи Телеграфи марказии Кореяи Шимолӣ гуфта мешавад, “Ин ҳодиса, ки боиси ҳайрати ҷомеаи ҷаҳонӣ шуд, ҳосили сиёсати душманонаи ИМА аст ва ҳадаф аз он инзивои (изолятсия) кишвари мо мебошад ва ҳамчунин хушомадгӯии Малайзия ба ИМА аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ