Ба Ӯзбекистон ҷамоаи асосии миллии футболи Гана намеояд


Мо дар бораи рӯзи 26-уми март баргузории бозии байналмилалии дӯстона байни ҷамоаҳои миллии Ӯзбекистон ва Гана хабар дода будем.
Ассотсиатсия футболи Гана дар саҳифаи «твиттер» — и худ маълум кард, ки ба Ӯзбекистон таркиби асосии давлат не, балки ҷамоаи Б ташриф мефармояд. Чунки ҷамоаи асосӣ рӯзи 25-уми март дар бозии дар чорчӯбаи интихоботии Ҷоми Африқо бар зидди ҷамоаи Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ба майдон мебарояд.
Дар рӯйхате, ки аз ҷониби сармураббии ҷамоаи Б-и Гана Иброҳим Танко пешкаш шуд, танҳо футболбозони маҳаллӣ ҷой гирифтаанд.
Хотиррасон мекунем, ки бозии ҷамоаи миллии Ӯзбекистон ва ҷамоаи миллии Б -и Гана дар варзишгоҳи «Навбаҳор» — и Намангон баргузор мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ