Агентии доруҳои Аврупо: AstraZeneca хавфе надорад


Чанде пеш баъзе кишварҳои ҷаҳон эълон карданд, ки ваксинаи AstraZeneca метавонад боиси бемории тромбоз шавад. Баъди ин хабар чандин кишварҳо истифодаи ин ваксинаро қисман, ё комилан қатъ карданд.
Вале, Агентиии доруҳои Аврупо дар як баёнияи худ таъкид кард, ки ваксинаи AstraZeneca хавфе надорад.
Дар баёнияи агентӣ аз ҷумла чунин гуфта мешавад, “Ин ваксинаи бехавфу самарадор аст. Самара ва ҳимояи он бар зидди коронавирус нисбат ба хатарҳои эҳтимолӣ болотар аст”.
Ба гуфтаи мудири агентӣ Эмер Кук, ҳанӯз вобастагии тромбоз ва эмкуниро комилан рад карда намешавад. Агентӣ сабабҳои пайдошавии тромбозро баъди эмкунӣ бо ин ваксина идома медиҳад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ