Мактаби нав дар маскани нав


Дар арафаи Наврӯз сокинони массиви Қорасуви шаҳри Самарқанд соҳиби “тӯҳфаи махсус” шуданд. Дар ин ҷо мактаби таълими умумии рақами 81 фаъолияти худро оғоз кард. Мактаб барои таҳсили 1680 нафар донишомӯз пешбинӣ шудааст.
Ширкати биносозии “Agromir Buildings” сохтусози мактабро анҷом дод, ки арзиши он 31 милилард сӯм аст.
Мактаб дорои китобхона, синфи технологияҳо, толори варзиш ва дигар ҳуҷраву таҷҳизоти зарурии замонавӣ мебошад.


Ҳамчунин, мудирони шӯъбаҳои таълими халқи 16 шаҳру ноҳия соҳиби автомобилҳои корӣ шуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ