Хушрӯзӣ ба халқу бар Ватан мехоҳем…

Наврӯз яке аз идҳои қадимаи халқҳои Осиёи Марказӣ ва Шарқи наздик ба ҳисоб рафта, таърихи дурудароз дорад. Аз рӯи тақвими кӯҳна вай ба ҳисоби саршавии моҳи фарвардин, яъне ба 21 -22 –юми март рост меояд. Бо омад-омади Наврӯз, табиат аз нав зинда мешавад ва қабои нав ба бар мекунад. Тамоми оламу одам бедор мешавад.
Имрӯзҳо дар гӯшаву канори вилоятамон шукӯҳи наврӯзӣ ҳусну таровати худро аён намуда, дар кӯчаҳои марказии шаҳр сайрҳои идона оғоз гардидааст. Мардум бо риоя ба қоидаҳои карантин ба сайри наврӯзӣ баромада, аз баромадҳои ҷолиби идона дидан менамоянд, мерақсанд, хурсандӣ мекунанд.

Мардуми мо дар арафаи иди Наврӯз хонаву ҷойро тозаву озода намуда, ҳар хел гулу сабза мекоранд, ба аёдати падару модар, ёру дӯстон мераванд, – мегӯяд донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Самарқанд Фирдавс Абдумӯъминов. — Иди Наврӯз аз 3 то 15 рӯз давом карда, дар ҷойҳо сайри наврӯзӣ, намоишҳо, мусобиқаҳои асптозиву бузкашӣ, хурӯсҷанг, қӯчқорҷанг ва намудҳои гӯштингирию сангбардорӣ, дорбозию чиллакбозӣ намоиш дода мешавад. Имрӯз Боғи марказии истироҳатии ба номи Алишер Навоиро давр зада, дастархони пурфайзи наврӯзиро дидем, ки бо таомҳои болаззат чун оши палав, ширбиринҷу шӯрбо, кабобу ҳалиса, ҳасиб ва самбӯсаҳои бичакину алафин, пиёзину кадугин ва ғайра зеб додаанд, ки беҳтарини онҳо сумалак мебошад.
Бояд зикр кард, ки иди Наврӯз дар гӯшаву канори кишвари офтобрӯяи Ӯзбекистон бошукӯҳ гузаронида мешавад. Масалан, дар водии Фарғона дар майдонҳои васеъ давра гирифта ҳар хел тамошоҳо, монанди дорбозӣ, сангбардорӣ, гӯштини фарғонагӣ, масхарабозиро намоиш медиҳанд. Дар воҳаи Сурхон бошад, дар талу теппаҳои сабз гӯштингирӣ, бузкашӣ (кӯбкорӣ), чиллакбозӣ мекунанд. Ин базм дар Самарқанд низ бо шукӯҳи хоса, дар майдонҳои зебои шаҳр, кӯчаҳои таърихӣ барпо карда мешавад. Растаҳои бозорро ҳалвову шириниҳо, нозу неъматҳо, нонҳои номдораш зеб медиҳанд. Дар маркази шаҳр ярмаркаҳои идона ташкил карда шуда, дар он ҳар хел либосҳои миллӣ, таърихиву маданӣ ба намоиш бароварда мешавад. Дар як гӯшаи он таомҳои миллӣ монанди оши палав, ҳалиса, сумалак, кабоб ва самбӯсаҳои варақину бичакин, алафину кадугин ва ҳар хел сабзаҳои баҳорӣ дастархони наврӯзиро файз мебахшад. Алалхусус, сумалак.
Самарқанд, ки аз азал шаҳри сайёҳӣ ба шумор меравад, имрӯз шукӯҳу шаҳомати дигар дорад. Барои тамошои ин шаҳри азиму қадимӣ аз гӯшаву канори дунё меҳмонон ташриф оварда, аз файзу шукӯҳи шаҳри зебову навқирон ва дастархони наврӯзии ин диёри афсонавӣ баҳра мебаранд.

Мо ҳар сол дар иди Наврӯз, барои зиёрати Самарқанд меоем,- гуфт меҳмон аз вилояти Сурхондарё Ш.Ҷамолов. — Азбаски соли гузашта маҳдудиятҳои карантин ҷорӣ буд, омада натавонистем. Ва имрӯз тақдир даст дод, ки барои зиёрат биёем. Бо ҳамин баҳона дар чорабиниҳои идона, ки дар кӯчаҳои марказии шаҳри Самарқанд баргузор мегардад, иштирок кардем. Камина иди Наврӯзро ба аҳли мардуми Ӯзбекистон шодбош мегӯям.
Ҷашни Наврӯз на танҳо дар маркази шаҳру ноҳияҳо, балки дар атрофи мероси фарҳангии Тешиктош, воқеъ дар ҳудуди маҳаллаи Қоратеппаи ноҳияи Ургут низ ба таври хос ҷашн гирифта шуд.
Одамон ҳамроҳи оила, ёру дӯстон давра гирифта, шеърхонӣ, рақсу бозӣ, сурудхонӣ карданд. Бояд гуфт, ки барои сайри наврӯзӣ оғӯши табиат ҷойи беҳтарин аст. Мардум, ки барои истиқболи Наврӯз омада буданд, дар канори манзараҳои бетакрори табиат ҷашни бедории табиатро истиқбол гирифтанд.
Садои чаҳ –чаҳи булбулон, паррандаҳои хушхон, овози барраву бузғолаҳои навзод, обҳои равон бо суруди дилкаши ҳофизон, таронахонии бачагон, рақсу бозии ҳозирон ҷӯр гардид. Гӯё ҳама бо як садо мегуфтанд:
Наврӯз шуду сайри чаман мехоҳем,
Хушрӯзӣ ба халқу бар Ватан мехоҳем.

Наврӯз БОБОАҲМАДОВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ