«Нест чун сози дигарҳо сози ман…»

Шоири халқии Ӯзбекистон Абдулло Орипов аз тавонотарин ва барӯмандтарин суханваронест, ки дар осмони пурсафои назми муосири ӯзбек чун ситораи тобнок нурпошӣ карда, мавқею манзалати хоси эҷодӣ ёфтааст. Ӯ суханвари соҳибтабъи сабку шеваи шеъргӯияш хоса буда, назми дилкашу ботароваташ моломоли эҳсосот ва андешаҳои фалсафианд. Гӯё дар зери қалами ӯ каломи бадеӣ тозагӣ ва назокат пайдо кардааст. Ба ин маънӣ, худи шоир дар шеъри “Сози ман” гуфтааст:
Шоирам ман, гар намедонӣ, бидон,
Нест чун сози дигарҳо сози ман.
Ҳар куҷое бишнавӣ оҳанги он,
Мерасад бар гӯши ту овози ман.

Ин шоири шаҳиру навҷӯи хушзавқ маромномаи шоирӣ ва заҳмати эҷоди шеъри асилро хуб шинохта, кори шоирӣ ва масъулияти бардоштани бори суханро саҳлу сода ва арзу тӯли роҳи онро осон напиндоштааст.
Тавзеҳан бояд гуфт, ки Абдулло Орипов 21-уми марти соли 1941 дар деҳаи Некӯзи ноҳияи Косони вилояти Қашқадарё таваллуд ёфтааст. Дар Донишгоҳи давлатии Тошканд таҳсил намуда, маҷмӯаи аввалинашро бо номи “Митти юлдуз” (“Ситораи хурд”) соли 1965 чоп намудааст. Намунаҳои нахустини ашъораш, агарчи аз навиштаҷоти ҳамсафону ҳамдавронаш аз ҳар ҷиҳат бартарӣ доштанд, ғолибан таҳти таъсири шеърҳои Ойбек, Ғафур Ғулом, Мақсуд Шайхзода, Миртемир, Ҳамид Олимҷон ва дигарон гуфта шудаанд. Дар онҳо ҳанӯз тасвиру маъниҳои тару тоза, таркибу таъбирҳои шоиронаи нав камтар ба назар мерасиданд. Яъне, он солҳо ӯ дар гуфтани шеър ҳанӯз чандон ҳунарманд набуд ва бар баёну тасвир маҳорати баланд надошт.
Истиқлоли шоирӣ ва зери даст намудани ҳунари адабӣ ба Абдулло Орипов дар охири солҳои 60–ум ва ибтидои 70–уми асри ХХ муяссар гардидааст. Дар ин давр баёни шоир мушаххасу шевотар, гӯётару гиротар ва лангардортар гардида, паҳно ва вусъат пайдо кардааст. Шеъраш дар қатори ашъори шоирони маъруфи он давр Эркин Воҳидов, Рауф Парфӣ вирди забони мардум ва аҳли эҷод шудааст. Камолоти шоириаш бошад, ба солҳои 90–уми асри ХХ ва оғози қарни ХХ1 рост омадааст, ки дар ин бора «Асарҳои мунтахаб»-и шоир (дар чор ҷилд, солҳои 2000–2001) ва маҷмӯаҳои «Оинаи адолат» ва «Истгоҳи офтоб» (онҳо низ ҷилдҳои панҷум ва шашуми осори мунтахаби ӯст), шаҳодат медиҳанд.
Мутолиаи ашъори Абдулло Орипов нишон медиҳад, ки ӯ тамоми умри хешро дар шоирӣ сарфи ҷустуҷӯи сабку равия, воситаҳои тасвири муносиб барои гуфтани шеъри нағзи дархӯри даврони хеш намудааст. Вай дар қолабҳои шеъри муосир, шеъри нав, шеъри суннатӣ, шеъри тасвирӣ намунаҳои хубе гуфтааст.
Абдулло Орипов муаллифи китобҳои зиёди шеърӣ мебошад, ки ба забонҳои гуногун ба табъ расидаанд. Маҷмӯаи шеърҳои ӯ бори аввал соли 1984 дар Душанбе тавассути нашриёти «Ирфон» таҳти унвони «Ихлос» дастраси хонандагони тоҷик гардида буд. Ашъори рангини ин маҷмӯа, аз қабили «Дӯстам, най бидеҳ», «Дорбоз» «Чашма», «Модар», «Зан», «Хотирот», «Ёди рафтагон», «Монологи тафаккур», «Қасамдара», «Дорулфунун», «Уқоб», «Ҳамехоҳам туро доим сароям» дар тарҷумаи Саидалӣ Маъмур равон баромада, ба ҳаводорони шеър писанд афтода буданд. Ҳарчанд ҳамаи шеърҳои маҷмӯа дар сатҳи баланд тарҷума нашуда бошанд ҳам, онҳо аз эҳсосоти гуворо, дарду ормонҳо ва тафаккури бадеии ин шоири тозанафас ва андешаписанд хонандаи тоҷикро ошно менамуданд.
Дар ашъори Абдулло Орипов мавзӯи Ватан мавқеи ҷудогонаро дорад. Дар ин гуна шеърҳо ӯ бо дард сухан мегӯяд. Дарди ӯ – дарди Ватан, дарди халқ, дарди имрӯзу фардои инсоният мебошад. Аз ин рӯ, ашъораш ба дил сахт таъсир мебахшанд, ҳиссиёту тафаккурро ба шӯр меоваранд.
Дар ашъори шоир образи Ватан, модар ва фарзандон аз ҳамдигар ҷудо нестанд. Ин се тан, дар назми ӯ яке дигареро пурра мекунанд ва боиси равшану возеҳ ифода ёфтани мақсаду мароми шоир мегарданд. Ба ҳамин маънӣ, ӯ дар шеъри «Ният» чунин навиштааст:
Зиндагӣ ҳамчу қалби инсон аст,
Ки ғаму шодиро намояд ҷо.
Умри худро ба даҳр бе Ватанам
Ман тасаввур намекунам асло…

Дар манзумаи «Ӯзбекистон» бошад, шоир ғояи олии ватандӯстиро тараннум намуда, рӯҳи матини халқ ва азму иродаи оҳанинро дар роҳи ободию осудаҳолии Ватани азизу муқаддас ва минбаъд ҳам баланд гаштани обрӯю эътибори он васф менамояд. Қаҳрамони лирикӣ дар бандҳои манзума, ки мисли занҷир пайвастанд, бо меҳри бепоён ва садоқати фарзандона нисбат ба Ватан ва рӯҳи гузаштагони бузурги худ сухан карда, ба қадри нону намаки халқу Ватан мерасад. Ин аст, ки дар манзума алоқаи мустаҳками наслҳо, силсилаи афкору эҳсос ва қарзу масъулият ягонагии тамом пайдо кардааст:
Шеър мегӯям ба номат, кишварам,
Ҳастӣ бемонанд баҳрам ҷовидон.
Шоирон бинмуда тавсифи Ватан,
Шӯҳраташ созанд боло дар ҷаҳон.

(Тарҷумаи Саидалӣ МАЪМУР)
Ҳамин тавр, садои матини ғурури инсониву миллӣ ва ифтихори ватандорӣ дар аксари шеър­ҳои Абдулло Орипов таниндозанд ва акси ин садо қалби хонандаро низ моломоли ифтихор менамояд. Чунончи, шеъри «Ӯзбекистонро чаро ман дӯст медорам?». Қаҳрамони лирикии ин манзума ҳамчун вориси шоиста бори муқаддаси Ватан ва ормонҳои халқи азизашро бо ифтихор ба забон гирифта, суоломез мепурсад:
Ӯзбекистонро чаро ман дӯст медорам?
Меситоям боғҳои дилкушояшро.
Ҳамчу ҷонам мепарастам, гарм мебӯсам,
Ин Ватанро, хоки поки ҷонфизояшро?…

ва бо ифтихору садоқатмандӣ чунин посух медиҳад, ки аз он хонанда ҳам ба сидқу вафо, ҷасорату корнамоӣ сафарбар мегардад:
Гул кунанд, ай кош кишварҳову миҳанҳо,
Боғҳо рӯянд низ андар яхистонҳо.
Ай Ватан! Ҳар кӣ агар аз баҳри сарватҳот
Дӯстат дорад, наёмурзаш варо асло!

(Тарҷумаи Паймон)
Дар ашъори шоир васфи табиат ҷойгоҳи хоса дорад. Шеърҳои «Баҳор», «Чашма», «Манзараҳои тирамоҳ», «Тирамоҳ дар Ӯзбекистон», «Хаёлоти тирамоҳ», «Оҳу», «Дар оташи раъду барқ» ва дигарҳо аз эҳсосоти баланд ва ҳамнавоию ҳамдилии шоиронаи ӯ бо зебоиҳои табиат ва муҳити зиндагияш гувоҳӣ медиҳанд. Дар онҳо тавсифи табиат, хоса баҳори нозанин ҷаззобу рӯҳнавоз қаламдод шудаанд. Биноан, дар ин рӯзҳои наврӯзӣ, ки ҳусну таровати баҳор басо рӯҳафзост, кас беихтиёр шеъри «Сен баҳорни соғинмадингми?» («Ту баҳорро ёд накардӣ?»)-и шоир ба хотир мерасад. Дар он эҳсосоту андешаҳои ин вассофи баҳор, ки ҳусну таровати баҳори гулбасарро пазмон шудааст, басо дилкашу боэҳтирос ва хотирмон тараннум шудааст.
Дар шеъри Абдулло Орипов андеша ва тасвиргариҳои шоирона амиқ ба мушоҳида мерасад. Масалан, дар шеъри «Армони солҳо» чунин байти пурмаънӣ ҳаст, ки андешаи хоси шоирро дар шинохти инсони асил ва гузашти умр нишон медиҳад:
Бас хостем ин ҷаҳон мукаммал бошад,
Як зарра нагаштем худ аммо комил.
Ай ҳасрати солҳои бигзашта зи ман,
Армони фузунтар аз шумо нест ба дил.

(Тарҷумаи Паймон)
Абдулло Орифов дар шеърҳои ба Ӯзбекистон ва халқҳои он бахшидааш дӯстию бародариро низ самимона ба қалам гирифтааст. Ба ақидаи шоир, бузургии ин кишвар дар иттиҳоду якдилии мардуми меҳнатдӯсти он аст. Ба ҳамин маънӣ, ӯ дар ғазали «Ӯзбеку тоҷик» дӯстию бародарии халқҳои тоҷику ӯзбекро басо самимӣ ва пандомез ба қалам гирифтааст.
Ёру бародар аз азал, ӯзбек тоҷик,
Чун шоҳбайти як ғазал, ӯзбеку тоҷик,
Ҳайрони он рафоқатам, ҷӯям ба он қиёс,
Авло бувад он аз асал, ӯзбеку тоҷик.
Бахте бувад Навоиро то Ҷомӣ барҳаёт,
Ҳамрешаанд аз он маҳал ӯзбеку тоҷик…
Як тарфи марза ӯзбеку як тарф тоҷик аст,
Часпад ба кор аз ҳамал ӯзбеку тоҷик.
Ман матлабе дорам фақат: эй кош то абад,
Як маънӣ ёбанд аз масал ӯзбеку тоҷик.

(Тарҷумаи Ҷонибек)
Дар мақолаҳои илмӣ-­публитсистиаш ҳам дӯстиву ҳамҷиҳатӣ, бародарию баробариро хирадмандона маънидод кардааст. Ба андеша ӯ, меҳру муҳаббати байниҳамдигарӣ халқҳоро ба ҳам наздику тавъам месозад: «Адабиёти миллӣ бе адабиёти дигар халқҳо арзи ҳастӣ надорад. Онҳо дар ҳамбастагӣ якдигарро ғанитар месозанд. Гувоҳи ин амалиёти адабиёти ҷаҳон аст. Робитаи байниҳамдигарии адабиётҳо ва таъсири адабӣ аз худи ҳаёт маншаъ гирифтааст», – навишта буд ӯ.
Биноан, худи суханвари донишманд ҳам ҳангоми таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Тошкент дар қатори осори Фузулӣ, Алишер Навоӣ, Машраб осори Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Хайём, Бедил барин намояндагони адабиёти форсу тоҷикро амиқан омӯхтааст. Дар рафти мутолиа ба хусус аз Ҳофизи бузургвор таъсири файзбахш бардош­тааст. Минбаъд дӯстиву рафоқат, ҳамкории эҷодӣ ва мукотибаҳояш бо Мирзо Турсунзода, Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Гулназар Келдӣ, Саидалӣ Маъмур, Алӣ Бобоҷон ва дигар адибони номдори тоҷик ба шахсияту осораш файзу тароват бахшидааст.
Устод Мирзо Турсунзода ба истеъдод ва эҷоди ин адиби тозагуфтор умеду эҳтироми хоса дошт. Шоири ҷавон низ аз фасоҳату малоҳати ашъори Турсунзода ва маслиҳатҳои эҷодии ӯ борҳо баҳраманд гаштани худро садоқатмандона изҳор кардааст. Ба дӯстию ҳамкории эҷодии ин устоди бузург бо Ғафур Ғулом, Комил Яшин, Шароф Рашидов ва Зулфия бо чашми ибрат ва ҳавас назар дӯхтааст, аз муносибатҳои самимонааш панду ҳикмат ҷустааст. Дар ин хусус ӯ навиштааст: «Аз содиқ мондани хеш ба панду насиҳат ва васияти устод Мирзо Турсунзода даст рӯи синаву сар ба осмон ҳастам. Воқеан, устод Мирзо Турсунзода инсони дилбаре буданд, ки забони ӯзбекиро ба ғояти камол медонистанд. Дар ёдам: Дар зали Колоннаи Маскав шаби ёдбуди 70-солагии Ғафур Ғуломро гузаронида, ба меҳмонхона бармегаштем. Мирзо ака ба ман нигариста гуфтанд: Додарам Абдулло, пули азими байни халқҳои тоҷику ӯзбек Ғафур Ғулом аз олам гузаштаанд. Мо ҳам ба назарам пир шудем. Акнун шумоён адибони ҷавон бештар дар мулоқот шавед, рафтуомад кунед, меҳр дар чашм, мегӯянд. Ин суханҳо ҳамон зери гӯшҳоям боҷаранг садо медиҳанд».
Оре, устоди шӯҳратёр Мирзо Турсунзода дар қатори соҳибистеъдодҳои зиёд Абдулло Ориповро низ эҳтирому эҳтиёт мекард, нисбати шахсияту осораш самимиву бамеҳр, дар камолоти эҷодаш дуогӯ буд. Абдулло Орипов бошад, дар қатори Расул Ғамзатов, Мустай Карим, Давид Қуғултинов, Қайсин Қулиев барин симоҳои маъруфи адабиёти ҷаҳон нисбати назми оламгиру шахсияти беназири устод Турсунзода ихлоси баланд ва меҳри ҷудогона дошт. Дар симои ӯ устодони меҳрубон ва суханварони бузург Ғафур Ғулом, Абдулло Қаҳҳор, Миртемирро медид. Ҳамин меҳру самимият нисбати адабиёти тоҷик ва устодони барӯманди он буд, ки солҳои сарвариаш ба Иттиҳодияи нависандагони Ӯзбекистон борҳо ба Тоҷикистон сафарҳои эҷодӣ ташкил карда, дар мустаҳкам шудани дӯстии адабиётҳоямон саҳмгир буд. Дар ин гуна сафарҳои эҷодӣ бо Эркин Воҳидов, Ҷумъаниёз Ҷабборов, Ҷонибек Қувноқ барин адибони фарохдил мушоираҳои адабӣ ташкил карда, аз хусуси додугирифти адабиётҳоямон сӯҳбатҳои адабӣ меорост. Аз зиндагиву эҷоди Ӯлмас Ҷамол, Шодӣ Саттор, Мафтун Ҷӯра барин суханварони зуллисонайн хабардор мегашт.
Шеъри «Муноҷот»-и ӯ моломоли дарду ормон буда, «ба худ печидану нолидани ин оҳанг»-ро басо муассиру хотирзеб ифода намудааст:
Қани, айт, мақсадинг нимадир сенинг,
Нега тилкалайсан бағримни, оҳанг.
Нечун керак бӯлди сенга кӯз ёшим,
Нечун керак, рубоб, сенга шунча ғам…

Дар тарҷумаи Ҷаъфар Муҳаммад ин шеър бо ҳамин рӯҳу зарб равону пурэҳсос манзури хонандаи тоҷик гардидааст:
Бигӯ, бо ман, муроду мақсадат чист?
Чаро, оҳанг, созӣ пора қалбам?
Чаро лозим шуд ашки дидаи ман,
Чӣ лозим, эй рубоб, ин маҷмаъи ғам?

Ё ин ки, ғазали «Кетмоқдаман» («Хуш бимон…») -и шоир ҳам зодаи дарду андӯҳ ва ҳиҷрон аст, ки барои тақвияти сухан ин ҷо чанд байт аз аслияту тарҷумаи он меоварем. Ин шеър ҳам мисли дигар ашъори Абдулло Орипов кайҳо ба дили хонандагони сершумор роҳ ёфта, боигарии мулки маънавии онҳо гардидааст:
Яхши қол, эй дилбарим, дилда кадар, кетмоқдаман,
Ишқ аро энди ҳолим зеру забар кетмоқдаман…
Дар тарҷума:
Хуш бимон, эй дилбарам, дар дил кадар, хоҳам бирафт,
Ҳолам андар ошиқӣ зеру забар, хоҳам бирафт.

(Тарҷумаи Ҷаъфар Муҳаммад)
Ҳамин тавр, Абдулло Орипов дар мавзӯъҳои иҷтимоию шаҳрвандӣ шеърҳои тасвирию файласуфона ва ишқияҳо гуфтааст, ки мувофиқи табиат ва завқи шуарои мутарҷим Саидалӣ Маъмур, Алӣ Бобоҷон, Низом Қосим, Ҳақназар Ғоиб, Паймон, Абдулло Субҳон, Ҷаъфар Муҳаммад, Муҳаммад Шодӣ ва дигарон дастраси хонандагони тоҷик гардида, ба дилу дидаи онҳо файзу фараҳ мебахшад. Онҳо олами бадеии ҳаводорони шеърро рангинтару ғанитар намуда, нисбати абадияти шахсияту мероси эҷодии ин ситораи дурахшони назми садаи ХХ ӯзбек, ки лауреати Мукофоти давлатии Ӯзбекистон ба номи Ҳамза буду ба шарофати истиқлоли Ватанамон ба унвони Қаҳрамони Ӯзбекистон мушарраф гардидааст ва матни шеърии Гимни Республикаи Ӯзбекистон ба қалами ӯ мансуб мебошад, самимияту эҳтиромашонро рӯзафзун ифода менамоянд.

Абдусалом САМАДОВ,
устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд, адабиётшинос.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ