«Ёрӣ диҳед, сулфа…»

Сулфа – ҳимояи ба худ хоси организм аст. Бо ҳамин роҳ он нафасгириро беҳтар мекунад. Дар ҳолати шамолкашии сахт сулфа хушк буданаш мумкин. Дар пиронсолон бештар ҳамин намуди сулфа дучор меояд. Бояд гуфт, ки ҳар навъи сулфа давои ба худ хос дорад.
Безобиташавии бемор аз он оғоз меёбад, ки ҳангоми сулфидан микроб ба қабати ақиби ҳалқ зарар расонида бошад, гулӯ варам мекунад. Агар инфексия ба найчаҳои овоз зарар расонида бошад, ларингит оғоз меёбад. Айнан дар ҳамин давра бемор худро даво намояд, бурд хоҳад кард ва онро дар се рӯз метавонад муолиҷа кунад. Дар акси ҳол, бемориро гузаронида, ба бронхит гирифтор шавад, ба сулфаи боз ҳам вазнинтар дучор хоҳад шуд.
БОЯД БИДОНЕД:
Сулфае, ки 10 рӯз боз беморро азият медиҳад, дар бадан мавҷуд будани инфексияро мефаҳмонад. Ин ҳолат 2 ҳафта давом кунад, гап дар бораи сулфаи сироятӣ меравад.
ОМИЛҲОИ МУШОҲИДАШАВАНДА…
Ба саршавии сулфа чанг, вирусҳо, бактерия ва микробҳо, моддаҳои аллергӣ сабаб мешаванд.
АГАР СУЛФА ХУШК БОШАД…
Ин ҳолат ҳангоми варам намудани ҳалқ, шамолкашии бронхҳо, бемориҳои аллергӣ, астмаи бронхиалӣ, пайдо шудани бемориҳои ғадуд дар роҳҳои нафас, сулфаи кабуд, сурхакон, баъзан дар вақти зиёд шудани кирмҳо рӯй доданаш мумкин.
ЗУДТАР БА НАЗДИ ШИФОКОР БОЯД РАФТ!
Агар сулфа:
*баъд аз дидани чораҳои муолиҷавӣ 2 ҳафта боз беист давом кунад;
*сулфа дар баробари ҳарорати бадан, тангшавии нафас, ҳуштаккашии қафаси сина якҷоя ояд;
*балғам чирколуд, хунолуд бошад;
*ҳини сулфидан дар қафаси сина дард ҳис карда шавад, зуд ба назди шифокор рафта, аз санҷиш бояд гузашт. Сулфа метавонад ба кафидани рагчаҳои хурди хунгузар оварда расонида, дар вақти ҳомиладорӣ ҳолатҳои нохушро пайдо менамояд.
ИН ХЕЛЕ МУҲИМ АСТ!
Дар наврасон ба пайдошавии сулфаи хушк бояд эътибор дод. Кӯдакон чизҳои хурди аз замин ёфтаро хӯрда, дар натиҷа роҳҳои нафасашон зарар диданаш мумкин. Ба ҳалқи онҳо чизҳои сахт ворид шавад, зуд ба назди шифокор бояд бурд. Дар акси ҳол роҳи нафас мумкин маҳкам шавад.
ДАВОИ ХАЛҚОНА
Агар сулфа ба шамолкашӣ ва варам вобаста бошад, бо роҳи дар буғи картошкаи пухта нафас кашидан, компресси спиртӣ ба соҳаи қафаси сина, нӯшидани шири асалнок муолиҷа кардан мумкин. Лекин муолиҷаҳои мазкур ба ларингит ё худ бемориҳои аллергӣ даво шуда наметавонад, баръакс ба давомдор ва боизтироб шудани хуруҷи сулфа оварда расониданаш мумкин. Аз ин сабаб, дар навбати аввал ташхис гузоред. Гарчи муолиҷаҳои санҷишӣ вақтро гирад ҳам, беҳтараш, ташхисро муайян намуда, сипас чораҳои муолиҷавиро бояд дид.
«АЗ ҶУДОШАВИИ БАЛҒАМ ХАСТА ШУДАМ»
Сулфаи намнок – ба бемориҳои бронхит ва зотулҷамъ хос аст. агар дар вақти сулфидан дар қафаси сина дарди сахт ҳис шавад, ин метавонад ишора ба бемориҳои шуш бошад. Агар сулфа ҳангоми якпаҳлӯ хобидан пайдо шуда, ҳолат дигар ки шуд, аз байн равад, бояд шушро аз санҷиш гузаронид.
ДАР БАЧАҲО ЧӢ?
Ба бинии бачаҳо доруи қатрагии зидди варам чаконда шавад, сулфаи балғамӣ қатъ мегардад. Ҳангоми дандонбарории тифлон низ сулфаи балғамӣ дучор шуданаш мумкин. Лекин дар аксари ҳолатҳо ин намуди сулфа аз шамолкашии сироятӣ дарак медиҳад. дар чунин ҳолат ба даст дастпӯшаки пахтагӣ пӯшида, онро ба равғани зайтун ё пахта тар карда, қафаси сина, китфҳо, зонуҳои кӯдак молиш дода мешавад.
МАВСИМИ АЛЛЕРГӢ ОҒОЗ ЁФТ!
Чунин намуди сулфа ҳангоми ивазшавии мавсим низ метавонад дучор шавад. Ба он растаниву дарахтҳои ҳангоми баҳор гулкунанда, дар тирамоҳ бошад, чанги тухмии аз баъзе дарахтҳои манзаравӣ ва сабзаву растаниҳо ҷудошаванда сабаб мегарданд. Агар сулфаи бачагони аллергиядошта шабона пурзӯр шавад, ба ин хушкии ҳавои хона ё ки кӯрпаву болишт «айбдор» аст. Инчунин, аҳамият диҳед, ки дар хона намӣ набошад. Ин ба пайдошавии мағор сабаб шуда, сулфаро қувват медиҳад.
ТАВСИЯ:
Барои ҳимоя аз сулфаи аллергӣ ҳангоми аз кӯча баргаштан бинӣ ва гулӯро бо оби нимгарми ҷӯшонидашуда 3 маротиба нағзакак чайқонидан зарур аст.
ЧОРАҲОИ ЁРИДИҲАНДА
Ҳангоми сулфа, албатта, ба режими хоб бояд риоя кард. Дар давоми рӯз то 2 литр нӯшидани шарбат, ҷӯшонидаи меваҳо, ки аз витамини С бой аст, фоида дорад. Гулӯро бо оби намакдор чайқонидан ба ҳар навъи сулфа шифо аст, ё худ хокам фуратсилинро низ метавон хоид. Ин муолиҷа, ҳатто, барои бемории ларингит низ муфид мебошад.
Ба қадри имкон аз гимнастикаи нафасӣ истифода баред: нафаси сабук кашида, онро дуру дароз бароварда, дар навбати дигар шикамро аз нафас пур карда, бояд нафаси чуқур кашид. Дастҳоро ба пеш, ба қафо карда, мисли шиноварӣ ҳаракат намудан ба пешгирии сулфа хизмат мекунад.
ОЁ МЕДОНЕД?
*дар сулфаи хушк: анҷирро дар шир ҷӯшонида, ба ним пиёла оби минералӣ омехта карда нӯшидан лозим;
*дар сулфаи намнок муолиҷаҳои буғӣ бо ёрии балзами «Ситорача» манфиат дорад;

дар сулфаи шабона ба пойҳо ванна кардан ёрӣ мерасонад;
*дар сулфаи ба шамолкашӣ вобастабуда дар давоми як ҳафта метавонед ҷӯшонидаи бобунаро нӯшид;

агар сулфа дар занони ҳомила дучор ояд, тухмии зағир ва шибитро дар оби ҷӯш дам андохта нӯшидан мумкин. Ҳамин муолиҷа ба занони кӯдаки ширмакдошта низ хеле муфидовар аст.

Рустам ҶӮРАҚУЛОВ,
Анвар МУСТАФОЕВ,
шифокорони пулмонологи шӯъбаи пулмонологҳои Маркази фтизиатрия ва пулмонологияи вилоят.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ