Имрон Хон мубталои коронавирус шуд


Бино ба хабари вазири тандурустии Покистон, нахуствазири ин кишвар – Имрон Хон ба коронавирус мубтало шудааст.
Бар асоси хабари Радиои Озодӣ, Файсал Султон, мушовири махсуси сарвазир дар корҳои пизишкӣ, рӯзи 20-уми март дар Твиттер навишт: «Имрон Хон гӯшанишинӣ мекунад». Ин дар ҳолест, ки вай ду рӯз пеш ваксинаи зидди коронавирус гирифта буд.
Ҳоло дар Покистон аз ваксинаи Sinopharm истифода мекунанд. Чин дар моҳи феврали имсол ба Исломобод ним миллион доза чунин ваксина дода буд. Бино ба омори Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинз, коронавирус дар Покистон ба беш аз 11,5 миллион кас сироят карда, боиси марги тақрибан 160 ҳазор кас шудааст. Бештари беморонро дар Панҷоб, вилояти калонтарин ва бойтарини Покистон сабт кардаанд. Мақомот сабабҳои афзоиши бемориро ба таҷаммӯи зиёди мардум ва риоя накардани қоидаҳои тандурустӣ, аз ҷумла нагирифтани ниқоби тиббӣ рабт медиҳанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ