21-уми март — Рӯзи байналмилалии Замин

Ҷашн гирифтани он аҳамияти фалсафӣ, тарбиявӣ, башардӯстӣ ва экологӣ дорад

21-уми март дар аксар давлатҳои ҷаҳон Рӯзи байналмилалии Замин таҷлил карда мешавад. Маҳз дар ҳамин таърих интихоб гардидани таҷлили Рӯзи ҷаҳонии Замин ба баробар шудани шабу рӯз дар ин рӯз марбут аст. Соли 1971 Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид расман ба ҳамаи кишварҳои аъзои СММ пешниҳод намуд, ки ин рӯзро ҳамчун Рӯзи байналмилалии Модар-Замин таҷлил намоянд.

Тавре ҳамагон медонанд, аксар экосистемаҳои табиии сайёраи мо ба таъсири номатлуби инсон ниҳоят ҳассос ва осебпазир мебошанд ва танҳо паст намудани шиддати таъсири антропогенӣ метавонад онҳоро наҷот бахшад.

Ҷашн гирифтани Рӯзи ҷаҳонии Замин аҳамияти фалсафӣ, тарбиявӣ, башардӯстӣ ва экологӣ дорад. Дар ин рӯз дар аксар кишварҳои дунё ташаббус ва иқдомҳои наҷиб оид ба ҳифзи табиат, ёдгориҳои табиӣ, гуногунии биологӣ ва экосистемаҳои табиӣ зоҳир карда мешаванд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ