Офат табиӣ дар Австралия: Даҳҳо ҳазор нафар хонаҳои худро тарк мекунанд


Дар натиҷаи боришот дар соҳилҳои шарқии Австралия деҳаҳоро об гирифт. То ҳол 18 ҳазор нафар хонаву ҷойи худро тарк карданд. Беш аз 50 ҳазор нафари дигар низ аз минтақаи обгирифта ба ҷойи бехатар мекӯчанд.
Бино ба хабари “МИР 24” ба нақл аз вазорати вазъияти фавқулоддаи Австралия, Уэлси Ҷанубии Нав ҳоло тадриҷан зери об мемонад. То ҳол деҳаҳо, роҳҳо ва киштзорҳо зери об мондаанд. На танҳо одамон, ҷонварон низ бо хатари ҷиддӣ рӯбарӯ шудаанд.
Дар се шабонарӯзи гузашта дар минтақа 900 миллиметр борон борид, ки ин аз меъёри боришоти моҳи март 3 баробар бештар аст.
Ҳавошиносон то рӯзи панҷшанбе идома ёфтани боришотро пешбинӣ кардаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ