Трамп мехоҳад шабакаи нави иҷтимоӣ боз кунад

Президенти пешини ИМА Доналд Трамп ба нақша гирифтааст, ки дар зарфи ду-се моҳ шабакаи иҷтимоии худро боз кунад.
Fox News аз қавли мушовири Трамп Ҷейсон Миллер навиштааст. Миллер гуфт, ки ин як шабакаи бузурги иҷтимоӣ хоҳад буд, ки даҳҳо миллион корбарро муттаҳид мекунад. Дар гузориш ҷузъиёти дигар шарҳ дода нашудааст.

Қаблан Трамп барои изҳори ақидаи худ аз Twitter истифода мекард ва сафҳаи ӯ тақрибан 89 миллион муштарӣ дошт.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ