Шифохонаи табиат

Пиёзи кабуд — кони витаминҳо


Пиёзи кабуд азбаски аз моддаҳои калий ва каротин бой аст, кори дурусти мушакҳои дилро таъмин мекунад, аз бадан моеъҳои зиёдатиро хориҷ менамояд. Пиёз инчунин барои солим ва мустаҳкам нигоҳ доштани дандонҳо хеле муфид аст.
Пиёзи барра таомро ҳазм карда, рехтани мӯйро пешгирӣ мекунад. Миқдори зиёди руҳ дар пиёзи кабуд вазъи мӯй ва нохунҳо, инчунин фаъолияти системаи иммуниро беҳтар мекунад.
Манфиатҳои пиёзи сабз
Онҳо миқдори зиёди витаминҳо доранд: танҳо дар 100 грамм кабудӣ гурӯҳи витамини В, калтсий, руҳ мавҷуд аст.
Витамини А барои нигоҳ доштани зебоӣ ва саломатии пӯст кӯмак мекунад, равандҳои пиршавиро бозмедорад, рагҳои хунро чандиртар мекунад. Он антибиотики табиӣ мебошад, ки иммунитетро афзоиш медиҳад. Хӯрдани пиёзи кабуд хавфи пӯсидани дандон, стоматитро коҳиш медиҳад. Он дорои зеаксантин ва лютеин мебошад, ки барои солимии чашм муҳим аст. Истеъмоли кабудиҳо – пешгирии хуби бемориҳои чашм мебошад.
Пиёзи кабуд чӣ зарар дорад?
Ҳангоми истеъмоли миқдори зиёди пиёзи кабуд ҳисси сӯхтанӣ ва нороҳатии меъда ба вуҷуд меояд.
Дар тиб пиёзи кабудро бо норасоии шадиди витамин истеъмол кардан тавсия дода мешавад, зеро он витаминҳо ва минералҳои зиёд дорад.
Тарҷима ва таҳияи Л.РАҲИМОВА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ