Оё Барак Обама роҳнамои Байден аст?


Ҷо Байден, раисҷумҳури ИМА мунтазам бо Барак Обама, 44-умин роҳбари кишвар дар масъалаҳои гуногун машварат мекунад. Дар ин бра Ҷен Псаки, котиби матбуотии Кохи Сафед гуфт.
Ба гуфтаи Псаки, онҳо асосан сӯҳбати телефониро анҷом медиҳанд ва сӯҳбатҳо мунтазам аст.
Бояд гуфт, ки дар ҷамоаи маъмурияти Байден шахсоне, ки қаблан бо Барак Обама кор кардаанд, аксарият мебошанд. Рон Клайн, мушовир дар масъалаҳои амнияти миллӣ, Жанет Йеллен, вазири молия, Энтони Блинкен котиби давлатӣ аз ин ҷумлаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ