Ҷамоаи миллии футболи Ӯзбекистон ду бозии дӯстона мегузаронад


Ҷамоаи миллии футболи Ӯзбекистонро дар чорчӯбаи зинаи интихоботии Чемпионати ҷаҳонии 2022 сето вохӯрии мушкилтарин ва муҳим интизор аст. Инро ба инобат гирифта, ҷамоаамон бар зидди ҷамоаҳои миллии футболи Гана (рӯзи 26-уми март, дар Намангон) ва Ироқ (рӯзи 29-уми март) бозиҳои байналмилалии дӯстона мегузаронад. Дар вохӯриҳо футболбозҳои пуртаҷрибаи мамлакатамон ҳам, ки дар клубҳои хориҷӣ иштирок доранд, иштирок мекунанд. Футболбози Ҷамоаи миллии Ӯзбекистон ва клуби «Женоа» Элдор Шомуродов дар интервюи ба вакилони ахбори оммавӣ додааш гуфтааст, ки ҷамоаи Ӯзбекистон тамоми қувваашро баҳри ба даст овардани ғалаба ва бо ин хурсанд кардани мухлисони футбол сафарбар мекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ