Эмкунӣ бар зидди коронавирус дар Ӯзбекистон моҳи апрел оғоз мешавад


Дар Ӯзбекистон эмкунии аҳолӣ бар зидди коронавирус аз моҳи апрел оғоз мегардад. Дар ин бора Дониёр Миразимов, мудири бемористони махсуси бемориҳои сирояткунандаи ноҳияи Зангиотаи вилояти Тошканд хабар дод.
Бино ба хабари Кун.уз, ӯ гуфт, “Эмукунии оммавӣ дар кишварамон дар моҳи апрел оғоз хоҳад шуд. Дар ҳоли ҳозир шумори мубталоён зиёд гардид, вале, барои ваҳима асос нест”.
Ба гуфтаи мутахассис, барои аз байн бурдани пандемия ду роҳ мавҷуд аст: яке карантини қатъӣ ва дувумӣ эмкунии аҳолӣ. Ба далели вазъияти имрӯзаи иқтисодӣ ва рӯҳии аҳолӣ роҳи якум имконпазир нест.
Миразимов афзуд, “Одамон пеш аз коронавирус метарсиданд, ҳоло аз ваксина. Аммо ин асос надорад. Мардуми мо аз ин пеш бо 18 навъи ваксина эм шудаанд”.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ