Котиби матбуотии нави Шавкат Мирзиёев таъин шуд


Шерзод Асадов, муовини вазири корҳои хориҷӣ котиби матбуотии нави раисҷумҳури кишвар таъин гардид. Дар ин бора Кун.уз хабар дод.
Раисҷумҳур Шавкат Мирзиёев дар маҷлиси имрӯза Шерзод Асадовро ҳамчун муовини роҳбари Маъмурияти раисҷумҳур — котиби матбуотӣ шинос кард.
Шерзод Асадов солҳои 2015-2017 ёвари Абдулазиз Комилов, вазири корҳои хориҷӣ буд. Ӯ сар аз соли 2017 дар сафорати Ӯзбекистон дар Австрия кор кардааст.
Соли 2020 Асадовро ба вазифаи муовини вазири корҳои хориҷӣ таъин карданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ