Истеъмоли бодиринг барои чӣ гуна бемориҳо фоидаовар аст?


Бодирингро бихӯранд, пешобро меронад. Тухми бодирингро кӯфта, ба варам гузошта банданд, онро беҳтар мекунад.
Ҳар рӯз се грамм тухми бодирингро кӯфта бихӯранд, варами сипурзи одамони гарммизоҷро таҳлил медиҳад.
Бодиринг ташнагиро дафъ мекунад.
Ҳар рӯз чаҳор грамм тухми бодирингро кӯфта бихӯранд, захми шушро шифо мебахшад.
Бодирингро пора карда ба пешонӣ ва сар гузошта банданд, дарди сареро, ки сабаби он истеъмоли моддаҳои гарм бошад, дафъ мекунад.
Баъзан одамоне, ки вазни зиёдатӣ доранд, барои интихоби маҳсулоти мувофиқ душворӣ мекашанд. Дар чунин вақтҳо меваю сабзавоти камқувватро тавсия додан мумкин аст. Бодиринг ҳам яке аз маҳсулоти қувваташ паст мебошад. Ҳатто ҳангоми риоя ба парҳез бодирингро бемалол истеъмол кардан мумкин аст.

Миқдори йод баланд аст
Оксидҳо ва углеводҳо фоиданокии онро боз ҳам баландтар мекунанд. Бодиринг дорои витаминҳои Е, РР ва В мебошад. Баробари ин, он хусусияти беҳтар ва ба меъёр овардани кори рӯдаҳоро дорад. Инчунин, бо нигоҳ доштани моддаи калий ба кори гурда ва дил таъсири мусбат мерасонад. Рӯдаҳоро аз холестерини зарарнок пок мекунад. Мубодилаи моддаҳоро ба меъёр меорад, ҷамъ шудани намакҳои барзиёдро пешгирӣ мекунад.

Пӯстро тоза мекунад
Бодирингро солҳои зиёд дар косметология ҳам истифода мебаранд. Он равғанҳои қабати болоии пӯстро тоза мекунад. Баробари чунин хусусиятҳо, бодиринг ҳангоми бемориҳои меъда ва захми рӯдаи дувоздаҳангушта тавсия карда намешавад.
Тарҷимаи Л.РАҲИМОВА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ