Нахустин паёми Твиттериро қариб ба 3 миллион доллар фурӯхтанд. Онро кӣ харид?


Ба нақл аз Ройтерз, Ҷек Дорси (Jack Dorsey) бунёнгузори шабакаи иҷтимоии Твиттер дар як музоядаи диҷитал нахустин Твитти худро бо истифода аз рамзи арз ё пули диҷитали (ethereum) ба баҳои муодили 2 миллиону 915 ҳазору 835 доллару 47 сент ба Сино Уставӣ (Sina Estavi) корофарини эронӣ ва мудир омили ширкати рамзарзи Bridge Oracle фурӯхт, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.
Тамоми пули ҳосил аз ин ҳароҷӣ тибқи қарори қаблӣ ба хайрия эҳдо мешавад, ки бо густариши корона дар кишварҳои фақири африқоӣ мубориза мекунад.
Аввалин Твитти Дорси 21 марти соли 2006 дар ҳисоби Твиттери вай мунташир шуд, ки матн кутоҳӣ дорад: “сирфан барои роҳандозии твиттрам” (just setting up my twttr).
Рамзҳои ғайри қобилии муовиза мисли имзоҳои диҷитолӣ ҳастанд, ки моликияти як фардро бар видеоҳо ва дигар муҳтавоҳои онлайн таъйид мекунанд, аммо моҳияти физикӣ надоранд .
Твитти фурӯхташуда ҳамчунон рӯй платформи Твиттер барои умуми корбарон дар дастрас хоҳад буд ва Дорси ҳар замон, ки ирода кунад метавонад онро пок кунад!
Бо ин ҳол харидори ин Твитти як гувоҳномаи диҷитал шомили фарододаи Твитти аслиро дарёфт мекунад, ки ба таъйиди шахси Дорси расидааст.
Синои Уставӣ чанде пеш низ бо пардохти як миллион ва 100 ҳазор доллар яке аз Твиттҳоҳои Elon Musk мудиромили ширкати Тесларо харида бӯд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ