Дар Тоҷикистон бемории сироятии полиомиелит паҳн мешавад


Созмони умумҷаҳонии тандурустӣ расман эълон кард, ки бино ба ҳолати 18-уми марти соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чор ҳолати бемории фалаҷи кӯдакон ошкор шудаанд. СУТ бо эълони ҳолати фавқулодаи дараҷаи дуюм зарурати вокуниши фавриро таъкид намудааст.
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мегӯяд, нахустин ҳолати бемории фалаҷ моҳи ноябр дар Хатлон, ҳолати дуюм ҳам моҳи феврал дар Хатлон ва ду ҳолати дигар дар шаҳри Ҳисор 8 март ба қайд гирифта шуданд.
Мутахассисони соҳаи тиб бар онанд, ки дар 90-95 дарсади одамони сироятёфтаи вируси фалаҷ беморӣ бе ягон нишонаҳои клиникӣ мегузарад. Дар 4-8 фоизи сироятёфтагон беморӣ ба таври сабук мегузарад ва ба ӯ нишонаҳои начандон баланди таби бадан, ангина, дилбеҳузурӣ, дарди шикам, беиштиҳоӣ ва сустии тамоми бадан хос аст. Чунин намуди беморон тез сиҳат мешаванд. Дар онҳо фалаҷшавӣ ба вуҷуд намеояд.

yuz.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ