Самбо: Тошканд мезбони мусобиқаи чемпионати ҷаҳон мешавад


Имсол мусобиқаи чемпионати ҷаҳони самбо бояд дар Маскав баргузор мешуд. Аммо ба далели он, ки Додгоҳи байналмилалии доварӣ соли гузашта Русияро ба муҳлати 2 сол аз ҳуқуқи мезбонӣ ба мусобиқаҳои байналмилалӣ маҳрум кард, чемпионати ҷаҳон имсол дар Тошканд баргузор мешавад. Дар ин бора Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) хабар дод.
Федератсияи самбои Русия дар моҳи март аз FIAS дархост кард, ки ин мусобиқаро ба соли 2025 гузаронад. Аммо ин дархости Русия қабул нашуд.
Ӯзбекистон низ барои баргузории ин мусобиқа ариза дода буд ва федератсия тасмим гирифт, ки мусобиқа дар кишвари мо баргузор шавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ