Зани Навалний Русияро тарк кард

Зани Алексей Навалний, мухолифи ҳукмати Путин дар Русия дирӯз аз Русия ба Олмон рафтааст, менависад Интерфакс бо такя ба як манбаи огоҳ. Ҳавопаймо бо Юля Навалная рӯзи 24 март аз Русия парвоз кардааст. Ин дуввумин сафари Навалная ба хориҷа пас аз иваз шудани ҳукми шартии шавҳараш бо ҳукми воқеӣ аст. Қаблан низ Юля рӯзи 10 феврал ба Франкфурти лаби Майн парвоз кард ва тақрибан 12 рӯз дар Олмон монд ва баъдан ба ватанаш баргашт.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ