Ҷаҳон: 34 миллион нафар дар остонаи марг аз гуруснагӣ


Дар ҳоли ҳозир 20 кишвари ҷаҳон ба ёрии башардӯстонаи ғизоӣ мӯҳтоҷанд. Дар сурате, ки ба онҳо ёрие намерасад, онҳо дучори гуруснагии оммавӣ мешаванд.
Бино ба хабари Созмони милали муттаҳид, аҳолии Яман, Судани Ҷанубӣ ва Нигерия ҳоло дар остонаи гуруснагӣ ҳастанд.
Аксари кишварҳое, ки бо хавфи гуруснагӣ рӯбарӯ ҳастанд, дар Африка ҷойгиранд. Аммо, ин таҳдид дар Афғонистон, Сурия, Ливан ва Гаити низ аз масъалаҳои рӯз аст. Яъне, 34 миллион нафар дар ҷаҳон дар остонаи марг бар асари гуруснагӣ мебошанд.
Ба гуфтаи мутахассисон, барои пешгирии ин фоҷеа бояд ба ҷангҳо поён дода шавад ва роҳи ёрии башардӯстона барои аҳолии ниёзманд боз гардад. Ҳамчунин, барои мубориза бо гуруснагӣ 5,5 миллиард доллар зарур мебошад.
Пандемияи коронавирус 120 миллион нафарро комилан ночору бенаво кардааст. 114 миллион аз кори худ ҷудо шудаанд. Иқтисоди ҷаҳон шадидтарин бӯҳрони 90 соли охирро аз сар гузаронд.
Офатҳои табиӣ, тағйири иқлим, муаммоҳои кишоварзӣ низ вазъиятро бадтар мекунад.
Антониу Гутерриш, саркотиби Созмони милали муттаҳид ҳанӯз дар моҳи январ гуфта буд, ки барои беҳтар кардани зиндагии онҳое, ки дар даври пандемия камбағалу бенаво шуданд маблағи 10 сарватманди ҷаҳон кифоя мекунад. Ҳамчунин, бо ин маблағ мешавад аҳолии тамоми ҷаҳонро бар зидди коронавирус эм кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ