Сессияи навбатии Шӯрои намояндагони халқи вилоят кай гузаронида мешавад?



Қарори ҳокими вилояти Самарқанд Э.Турдимов «Дар бораи даъвати сессияи бисту ҳафтуми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд, даъвати шашум» имзо гардид.
Мувофиқи қарор сессияи бисту ҳафтуми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд, даъвати шашум рӯзи 2-юми апрели соли 2021 дар соати 9:00 даъват карда мешавад.
Ба рӯзномаи сессия масъалаҳои зеринро дохил кунанд:
– ҳисоботи сарвари Садорати ҳудудии Агентии идораи активҳои давлатии вилоят С.Маҳмараҳимов аз рӯйи таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 27-уми октябри соли 2020 «Дар бораи чораҳои ислоҳсозии босуръати корхонаҳо бо иштироки давлат ва хусусигардонии активҳои давлатӣ» таҳти рақами ФП-6096;
– дар бораи ҳисоботҳои роҳбарони секторҳое, ки дар ҳудудҳои вилоят корҳои дар асоси “Дафтари оҳанин”, “Дафтари занон”, “Дафтари ҷавонон” татбиқшавандаро ба тартиби муайян ба роҳ намондаанд;
– ҳисоботи ҷонишини ҳокими вилоят роҷеъ ба сиёсати ҷавонон, корҳои рушди иҷтимоӣ ва маънавию маърифатӣ Х.Очилов доир ба корҳое, ки дар вилоят бобати таъмини мутобиқшавии иҷтимоии ҷавонони аз парастории волидон маҳрумгардида, тарбиягирандагони “Хонаҳои меҳрубонӣ” ба ҷамъият;
– масъалаҳои дигар.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ