Нархи убур аз роҳҳои мошингарди пулакии Тошканд ва Андиҷон маълум шуд


Дар ояндаи наздик баъзе аз роҳҳои мошингард дар Ӯзбекистон пулакӣ мегардад. Дар ин бора намояндаи Агентии рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, роҳи мошингарди Тошканд-Водии Фарғона ба се тақсим мешавад ва нархи убур аз ҳар се қисм гуногун мебошад.
Нархи тахминии убур аз ин қисмҳои роҳ чунинанд:
Тошканд-Ангрен — 1,7 доллар;
Ангрен-Қӯқанд — 2 доллар;
Қӯқанд-Андиҷон — 1,6 доллар.
Вале, ин нархи убур барори мошинҳои сабукрав аст. Нархи убур аз роҳ барои мошинҳои боркаш каме қимматтар мешавад. Масалан, барои як мошини боркаш аз Тошканд то ба Андиҷон рафтан то 20 доллар хоҳад буд.
Мошинҳо дар баъзе аз қисмҳои ин роҳ метавонанд ба суръати то 150 километр/соат ҳаракат кунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ