Меҳру ҳаваси театр

ё кай ба орзуям мерасам

Аз нақши эпизодӣ ба нақши асосӣ
Солҳои тиллоии донишҷӯйӣ. Моҳи октябри соли саввуми таҳсилам (1987) бо рафиқи шофиркониам Мардон Файзиев ҳамроҳ будем, ки назарамон ба тахтаи эълонҳои факултет афтод. Дар он навишта шуда буд, ки дар донишгоҳ маҳфили театр кушода мешаваду ҳавасмандон ба котибаи ректорат ариза диҳанд. Дӯстам гуфт, ки биёед, ариза месупорем. Ман ба кинову театр завқу шавқ доштам, аммо ба гӯшаи хаёлам наомада буд, ки актёри ҳаваскор шавам. Мо ҳар ду ариза додем.
Баъди се рӯз мо ба манзиле, ки дар эълон нишон дода шуда буд, рафтем. Дар он ҷо як марди миёнсол бо беш аз 30 нафар донишҷӯ оиди тартибу қоидаи маҳфил сӯҳбат мекард. Марде ба тарафи мо нигоҳ карду моро наздаш хонд. Он мард ҳунарпешаи Театри драмаи мусиқии Самарқанд Аҳадака буд. Он ҷо ҳама ҳавасмандони кинову театр ҷамъ шуда буданд. Мақсади маҳфил дар давоми 5–6-моҳ ба саҳна гузоштани асари «Меҳрубонҳо» («Меҳрубонлар»)-и адиби шинохта Алп Ҷамол будааст.
Ба ману Мардон нақши эпизодиро доданд. Аз байн як моҳ гузашту ҷӯраам Мардон «актёр шудан мушкил будааст» гӯён аз маҳфил рафт. Ман нахостам, ки аз дӯстони навам ҷудо шавам ва қарор додам, ки то ба саҳна гузоштани асар дар маҳфил мемонам. Ҳафтае се рӯз баъди дарс ҷамъ шуда, нақшаамонро аз ёд кардем. Пас аз се моҳ иҷрои нақшҳоро дар саҳна машқ намудем. Баъди 4 моҳ аз 30 нафар 10 нафар мондем. Аз сабаби мушкил будани нақшофариву аз ёд кардани матн ё аксари «актёрон» маҳфилро тарк карданд. Ҳар моҳ Аҳадака ба ман нақши каси дигар, яъне «актёр»-и гурезаро медод. Дар охир коргардон ба иҷрои нақшҳои асосӣ духтараки донои қашқадарёӣ – Сайёра ва манро маъқул донист. Персонажи ман дар асар – пивофурӯши бой буд. Ӯ дар аввал фарзанди ягонаашро эрка калон карда, вайро ба пул одат мекунонад. Фарзанди ягонааш баъд аз ба камол расидан ба касони кӯчагард ҳамроҳ шуда, охиру оқибат нашъаманд мешавад…
Ниҳоят баъди ним сол намоиши асар дар саҳнаи донишгоҳ ба амал омад.
Бо ҷамоаи эҷодӣ боз як асар – «Ҳангома дар фермаи чорводорӣ» – ро ба саҳна гузоштем.
Таъсиси театри тоҷикӣ дар назди факултет
Рӯзе устоди факултет Аслиддин Қамарзода маро ба наздашон хонда, гуфтанд, ки нияти дар назди факултет таъсис додани маҳфили театри тоҷикиро доранд. Устод баъди ду рӯз бо ин масъала бо раиси Иттиҳоди ходимони театри вилоят вохӯрда, фикрашонро гуфтаанд. Дар иттиҳодия ба ҳамин қарор омадаанд, ки дар назди Театри ба номи Ҳамид Олимҷон ва факултети филологияи ӯзбеку тоҷик «Театри тоҷикӣ» кушоянд. Ба театри навтаъсис актёрҳо лозим буданд. Аслиддин Қамарзода ба ман як даста таклифномаҳоро доданд. Дар он оиди дар Самарқанд таъсис ёфтани театр ва ба он аз байни донишҷӯёни факултетҳои мактабҳои олӣ, хонандаҳои мактабҳои ҳамагонии тоҷикӣ интихоб кардани соҳибистеъдодҳо навишта шуда буд. Дар якчанд мактабҳои шаҳр ва ноҳияи Самарқанд шуда, хонандагони синфҳои даҳумро даъват кардам, ки дар озмун иштирок намоянд.
Ҳакамон аз байни ҷамъомадагон зиёда аз 20 нафарро интихоб карданд. Донишҷӯён (бо ёрии омӯзгорони факултет) асари раиси Иттиҳоди ходимони театри вилоят Бурҳон Исломов «Найрангҳои кафандӯз»-ро ба забони тоҷикӣ тарҷума карданд ва мо онро ба саҳна мондем. Моҳи январи соли 1989 ба пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе рафта, ин асарро дар саҳнаи Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ гузоштем. Баъдтар онро тавассути телевизиони давлатии Тоҷикистон намоиш доданд. Ҳамон сол зиёда аз 10 нафар аъзои маҳфил Фурқат, Замира, Маъруф, Мӯъмин, Рустам ва дигарон бо кӯмаки раиси Иттиҳоди ходимони театри вилоят донишҷӯи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода шуданд. Якчанд нафар аъзои театри тоҷикии Самарқанд соҳиби диплом шуда, дар телевизиони Самарқанд барномаи «Ханда»-ро таъсис доданд. Асари Шамсӣ Қиёмов «Заргӯши доно»-ро ба саҳна гузоштанд. Мутаассифона, фаъолияти театри тоҷикӣ ва барномаи «Ханда» қатъ гардид.
Театр тарбияхона аст
Дар арафаи Иди Наврӯз бо устод Бурҳон Исломов вохӯрдам. Бо ид табрик карда, он солҳоро ба хотир овардем.
– Тирамоҳи соли 1988 бо мақсади дар Самарқанд таъсис додани студияи театри тоҷикӣ кор будем, – изҳори ақида намуд драматург, театршинос, собиқ раиси Иттиҳоди ходимони театри вилоят Бурҳон Исломови 84-сола. – Дар каналҳои телевизионии Самарқанд оиди таъсиси театри тоҷикӣ эълон додем. Ба студияи навтаъсис беш аз 20 нафар ҳавасмандони театр, ки асосан донишҷӯёни ДДС буданд, ҷалб гардиданд. Нахуст асари камина – «Кафандӯз найранги»– ро ба саҳна мондем. Ба актёрҳои ҳаваскор худам аз «Маҳорати актёрӣ», «Рафтор дар саҳна», «Нутқи актёрӣ» сабақ дода будам. Барои театр асар (песа) лозим буд. Ин асарро 4 маротиба дар саҳнаҳои бонуфуз гузоштанд. Дар студия ҷавонон – дӯстдорони театр ҷамъ шуда буданд. Мутаассифона, бо сабабҳои гуногун ҳамон солҳо ташаккули гурӯҳи тоҷикии театр ба охир нарасид. Дар Самарқанд гурӯҳи тоҷикии театр таъсис шуданаш даркор. Зеро театр дӯстии миллатҳоро мустаҳкам мекунад ва тарбияхона аст.

Ҷамшед ОБИДОВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ