ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН САРВАЗИРИ ҚИРҒИЗИСТОНРО ҚАБУЛ КАРД


Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 26 март Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Улукбек Мариповро қабул кард, ки барои иштирок дар ҷамъомади навбатии комиссияи муштарак оид ба ҳамкории дуҷониба ба Тошканд омадааст.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкории бисёрҷанбаи байни Ӯзбекистон ва Қирғизистон баррасӣ гардиданд.
Роҳбари давлатамон аҳамияти сари вақт ва пурра татбиқ намудани шартномаҳо ва муоҳидаҳо, ки зимни мулоқоти гузашта дар дараҷаи олӣ бо мақсади мустаҳкамсозии муносиботи дӯстонаи Ӯзбекистону Қирғизистон, некҳамсоягӣ ва шарикии стратегӣ қабул гаштаанд, махсус таъкид намуд.
Дар навбати худ, Сарвазир Улукбек Марипов ба Президенти Ӯзбекистон барои пазироии гарм миннатдории амиқ изҳор намуда, паёми самимӣ ва таманноҳои беҳтарини Президенти Қирғизистон Садир Жапаровро расонд.
Ба сифати ҳамраиси комиссияи муштарак ӯ инчунин дар бораи натиҷаҳои асосии ҷамъомади баргузоргардида ва қарорҳои дақиқи қабулгардида маълумот дод.
Зимни мулоқот Президенти Ӯзбекистон ба масъалаҳои ташаккули шароити муносиб барои афзоиши ҳаҷми савдои тарафҳо, пеш бурдани лоиҳаҳои аҳамиятноки ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, хоҷагии қишлоқ ва об, ҳарчи зудтар ба кор андохтани Фонди тараққиёт ва инчунин васеъ намудани табодули маданиву гуманитарӣ ва байниминтақавӣ эътибори алоҳида нигаронд.
Молики аҳамият будани ҳарчи зудтар ба кор даровардани сохтмони роҳи оҳани «Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон» ва афзоиши молкашонӣ аз даҳлези мултимодали Андиҷон – Ӯш – Саритош – Иркештом таъкид гардид.
Дар поёни мулоқот Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон барои ба кор андохтани тамоми кӯшишот дар татбиқи бечунучарои қарордодҳое, ки байни роҳбарони ду давлат ба даст омадаанд ва барои рушди муттасили доманфарохи шарикии Ӯзбекистону Қирғизистон нигаронда шудаанд, омодагии худро изҳор намуд.
ӮзА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ