Байден Путин ва Си Ҷинпинро ба музокироти иқлим даъват кард



Кишвардори Амрико Ҷо Байден Президенти Россия Владимир Путин ва роҳбари Чин Си Ҷинпинро ба музокирот даъват намудааст, хабар медиҳад Associated Press бо истинод ба Кохи сафед.
Дар баробари Путин даъвати Байденро ҳамчунин сарони 40 давлати ҷаҳон, ки дар музокироти иқлим иштирок мекунанд, дарёфт намуданд. Ин музокирот рӯзҳои 22-23 апрел дар Амрико дар фазои маҷозӣ баргузор мешавад.
Қаблан Байден ба хабарнигорон гуфта буд, ки дар байни даъватшудагон ба нишасти қарибулвуқӯи иқлим, раҳбарони Русия ва Чин низ ҳастанд. Президенти Иёлоти Муттаҳида гуфт, ки онҳо аз ин огоҳанд, гарчанде ки ҳоло ин масъаларо шахсан бо онҳо баррасӣ накардааст.
Тибқи рӯйхати нашркардаи Кохи Сафед, ба ин ҳамоиш сарони Русия, Чин, Бритониёи Кабир, Ҳиндустон, Туркия ва Ҷопон даъват шудаанд.
Президенти Украина дар рӯйхат нест.
Вашингтон гуфт, ин ҳамоиш, ки онлайн пахш мешавад, фаврият ва манфиатҳои иқтисодии амалҳои қавитари ҷаҳонро дар масъалаҳои иқлим нишон медиҳад.
Қаблан мақомоти Амрико гуфта буданд, ки музокироти моҳи апрел ба муттаҳидсозии талошҳои байналмилалӣ барои коҳиши партобҳои зараровар ба муҳити атроф тамаркуз хоҳад кард.

uza.uz/uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ