Маълумоти расмӣ дар бораи ёфт шудани бачаи шер дар Самарқанд


Рӯзи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳое дар бораи пайдо шудани бачаи шер дар шаҳри Самарқанд паҳн шуд.
Бино ба хабари маркази матбуотии садорати ҳифзи экология ва муҳити зисти вилояти Самарқанд, дар асли воқеа шербачаро касе пайдо накардааст. Автомобиле, ки аз Қашқадарё ба роҳ даромада буд, ӯро ба Андиҷон мебурд. Ронандаи автомобил ба саволҳои мутахассисони садорат дар бораи бачаи шер ҷавоби дақиқ надодааст ва ҳуҷҷатҳои заруриро низ надоштааст. Ронанда бо баҳонаи овардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ бачаи шерро мегузорад ва аз ҷойи ҳодиса мегурезад.
Кормандони пулис дар пайи як амалиёти махсус ронандаро боздошт карданд ва ҳоло тафтишот идома дорад.
Бачаи шер муваққатан дар садорати экология нигоҳ дошта мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ