Сумалак чӣ гуна хусусиятҳои шифобахш дорад?


Витаминҳои гурӯҳи В-и таркиби донаҳои гандуми рӯйида ҳолати мӯй ва пӯстро беҳтар месозад, организми инсонро тоза, иммунитетро баланд бардошта, бемориҳои рагухун ва саратонро пешгирӣ менамояд. Бино ба фикри мутахассисон, гандуми сабзида дорои хусусияти ҷавонгардонӣ мебошад.
Аҷдоди мо хусусияти солимгардонии тухмии сабзидаро панҷ ҳазор сол пеш низ хуб медонистанд. Хусусияти тухмиҳо ҳамчунин боз дар он аст, ки дар як вақт аз чанд касалӣ халос намуда, ба аз нав хурӯҷ кардани он роҳ намедиҳад.
Вақти ҷараёни рӯиши тухмиҳо тағйироти куллӣ рух медиҳанд, оҳор (крахмал) ба шакари суманак, сафеда ба аминокислота табдил меёбад. Дар ҷараёни ҳазми хӯрокҳое, ки аз ғалладона омода мешаванд, дар меъда низ чунин дигаргуниҳо рӯй медиҳанд, яъне тухмиҳои кабудшуда ҷараёни ҳазмшавиро метезонад.
Аҷдоди гузаштаи мо дар вақти ивазшавии фаслҳо дигаргуниҳое, ки дар организми инсон рух медиҳанд, хуб дарк намудаанд. Бахусус, дар аввали баҳор, ки норасоии дармондоруҳо эҳсос мешуд, суманак, ҳалим барин таомҳои серғизоро омода мекарданд.
Суманак бобати шифобахшӣ дар байни хӯрокҳои миллӣ ҷойи аввалро ишғол менамояд. Аз ин рӯ, хурду калон, солиму бемор онро бо иштиҳо тановул мекунанд.
Кимиёшиносон дар таркиби суманак мавҷуд будани шакар, сафеда ва витамини С-ро муайян карданд. Як гурӯҳ олимони олмонӣ дар таркиби гандум мавҷуд будани токоферол ном моддаро муайян кардаанд, ки он мисли витамини Е, ки танҳо дар таркиби одамгиёҳ (женшен) мавҷуд аст, як хел мебошад. Суманак ба бемории асаб, заъфарон (зардӣ) шифо бахшида, таркиби хунро беҳтар месозад.
Суманакро дар охири зимистон ва аввали баҳор тайёр мекунанд. Суманак аз микроэлементҳо бой буда, ба организми инсон, ки гоҳо норасоии витаминҳо эҳсос мегарданд, хеле зарур аст. Аммо аз меъёр зиёд хӯрдани он зараровар аст.
Ҳарчанд суманак аз маҳсулоти табиӣ мебошад, бемории рӯда ва меъдаро пурзӯр мегардонад.
Бемороне, ки ҷарроҳиро паси сар карданд ё ташхиси холетсистит, панкреатит ва захми меъдаву рӯдаи дувоздаҳангушта гузошта шудааст, бояд суманак истеъмол накунанд.
Суманак яке аз хӯроки дӯстдоштаи хурдтаракон аст. Азбаски он бадҳазму ба хун омехта шуданаш низ душвор аст, истеъмолаш ба бачаҳои то 3-сола манъ карда мешавад. Бачаҳое, ки синнашон аз 5 гузаштааст, бояд дар як рӯз то 50 гр. суманак истеъмол кунанд.
Ба ҷуз ин, истеъмоли суманак бо шир, маҳсулоте, ки аз шир омода шудааст, моҳӣ, тухм, асал норавост, ки аз ин бештар ҷигари инсон зарар мебинад.
Дар таркиби суманак моддаи қанд мавҷуд аст. Аз ин рӯ, истеъмоли он ба бемори қанд гирифторшудагон тавсия намешавад.
Солҳои охир суманакро консерв мекунанд, ки ин тамоман нодуруст аст. Суманак бояд дар давоми 2-3 рӯз истеъмол шавад. Консерв кардани он сабаби ҷамъ шудани микроб мегардад, ки организмро заҳролуд карданаш мумкин.
Азбаски суманакпазӣ кофтани зиёдро талаб мекунад, онро нашояд дар деги алюминий омода кард, чунки дар ин ҷараён моддаи алюмин ба таом мегузарад, ки ба организм зарар дорад.
Аз ин сабаб, бояд дар назар дошт, ки суманак дар деги чӯянӣ омода шавад.

Муҳаммадакмал СОАТОВ,
Марзия СОАТОВА,
дорушиносон.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ