Намоишномаҳои шавқовар – интизори хурдтаракон


Театри лӯхтаки вилояти Самарқанд 1-уми сентябри соли 1978 таъсис ёфтааст. Намоишномаи аввалини он аз рӯйи асари Ғайратӣ «Алии хурдакак» буд. Он дар бинои Театри давлатии драмаи ба номи Ҳамид Олимҷон намоиш дода шуд. Ҷамоаи театри навтаъсиси лӯхтакро асосан 18 нафар хатм­кунандагони русу ӯзбеки Институти рассомӣ ва театрии Тошканд ташкил мекарданд. Артистони ҷавон, шӯъбаи актёри театри лӯхтакро зери роҳбарии устодҳо В.С. Иогелсон ва Н.П. Никафорова хатм карда барои таъсиси театри лӯхтак ба Самарқанд роҳхат гирифта буданд.
Аз рӯзи таъсиси театри лӯхтаки вилоят 43 сол сипарӣ гашт. Дар ин муддат доир ба мавзӯъҳои миллӣ, таърихӣ ва замонавӣ бисёр спектаклҳо ба диққати тамошобинони наврас пешкаш карда шуд.
Театри лӯхтаки вилоят дар байни дигар театрҳо мавқеи худро мустаҳкам менамояд. Дар ин ҷо ба ҳар як ҷараёни кор эътибори зарурӣ дода мешавад. Ҳангоми интихоби сенарияҳо онро ҳаматарафа муҳокима мекунанд. Аҳамияти тарбиявӣ, рангорангии жанрҳо ва роҳҳои беҳтарини ба саҳна гузаштани онҳо ҳам ба назар гирифта мешавад.
Ҷамоаи театр барои баланд бардоштани мавқеъ ва маҳорат борҳо ба сафарҳои ҳунарӣ рафтаанд. Дар Корея, Россия, Туркия, Қазоқистон бо намоишномаҳои худ баромад карда, сазовори таҳсину эҳтиром шудаанд. Баробари сафарҳо таҷриба омӯхта, роҳҳои инъикоси технологии лӯхтакҳоро аз худ мекунанд.
– Бо мақсади иҷрои қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 28-уми ноябри соли 2018 «Дар бораи тасдиқи консепсияи боз ҳам ривоҷ додани маданияти миллӣ дар Ҷумҳурияти Ӯзбекистон» се сол боз дар театри мо «Ҳафтаи тамошоҳои театр»-ро ташкил мекунем, – гуфт саррежиссёри театр, Актрисаи хизматнишондодаи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Шаҳодат Усмонова, ки 36 соли ҳаёташро ба ин даргоҳи ҳунар бахшидааст. – Имсол дар театри мо ин ҳафта аз 21-уми март то 27-уми март давом ёфт. Дар давоми ин ҳафта ҳар рӯз дутоӣ ҷамъ 14 намоишнома ба забонҳои ӯзбекиву русӣ пешкаши тамошобинони хурдсол гардонида мешаванд. Инҳо намоишномаҳои «Духтарак», «Ситораҳои Улуғбек», «Табиби соҳир», «Афсонаи барси қанотдор», «Моҳии тилло» ва ғайраҳо мебошанд.
– Минбаъд тамошобинони хурдсолро боз бо кадом намоишномаҳои наву ҷолиби диққат хурсанд гардониданиед? – пурсидем мо.
– Ҳозир барои ба саҳна гузоштани асари Ҳайит Матрасулов «Бозии делфинҳо»-ро тайёр кардем. Дар нақша боз спектаклҳои нав ҳастанд. Масалан, ба саҳна гузоштани асари Ӯткур Ҳошим «Қайдҳо дар ҳошияи дафтар»-ро дар назар дорем. Аз рӯйи намоишномаи Акбар Абдуллоев «Лочинҳо» кор сар шудааст. Онро режиссёри каттақӯрғонӣ Фирӯзбек Абдураҳимов омода месозад. Рассом Камолиддин Раҳматов ҳам дар болои ин спектакл кор мебарад. Дар театри мо ҳунармандони бомаҳорат, аз ҷумла дар труппаи ӯзбекӣ Отабек Назаров, Акбар Абдуллоев, Кӯмакбой Аширов, Бобир Саноқулов, Гулида Шайманова, Азиз Остонов, Лайло Исоқова, Бегзод Салимов ва дар гурӯҳи русӣ Самир Шарифов, Вера Лвова, Дамир Головешкин, Шеҳроз Муллоҷонов, Фариза Шокирова ва ғайра кор мекунанд.

Б.РУСТАМЗОД

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ