Аз гармхонаи хурд даромади калон


Сокини 63 – солаи ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Бешболаи ноҳияи Ҷомбой Раҳматулло Баҳриев дар идораи таъминоти гази ноҳия меҳнат карда, ба нафақа баромад ва сипас дар 1 хол замини наздиҳавлигии худ гармхона сохта, дар он 16 бех навъи «Паканаи гурҷистон»-и лимӯ ва бехҳои қулфинай шинонд.
Дар гармхонаи хурд пиёзи кабуд, шибит, гашнич низ мерасонад. Ба қарибӣ аз кӯчатҳои лимӯ 35 килограмм ҳосил гирифт.
Дар 4 фасли сол оилааш бо кабудиҳо таъминанд. Қисми зиёди онро дар бозори деҳқонӣ мефурӯшанд. Аз қулфинай мураббои хуштаъм тайёр мекунанд. Ба хешу табор ва ҳамсояҳо медиҳанд ва дуои онҳоро мегиранд.
– Аз 1 хол гармхонаи хурд ҳам даромади калон гирифтан мумкин, – мегӯяд Р. Баҳриев. – Агар одам аз таҳти дил меҳнат кунад, албатта роҳаташро мебинад. Инак, дар ин самт таҷрибаи кории мо афзуда, ба пайвандон ва ҳамсоягон низ маслиҳатҳои худро бобати лимӯпарварӣ ва парвариши кабудиҳо медиҳем.

Соҳиб САЙФУЛЛОЕВ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ