Пас аз ваксинагирӣ истеъмоли чӣ гуна хӯрокҳо зараровар аст?



Баъзе хӯрокҳо метавонанд самаранокии ваксинаи коронавирусро коҳиш диҳанд.
Табиб ва ровии маъруфи телевизион Елена Малишева онҳоро дар эфири намоиши «Зиндагӣ кардан зӯр аст!», ном бурд.
Вай хотиррасон кард, ки аз ҳама бештар машруботи спиртӣ таъсири манфӣ дорад, бинобар ин, он бояд ҳатто дар миқдори кам, чӣ пеш аз эмкунӣ ва чӣ дар давоми аз се то панҷ рӯзи баъд аз ваксингирӣ истифода нашавад.
Духтур инчунин маслиҳат дод, ки аз хӯроки дуддодашуда, шоколад, қулфинай, меваҳои ситрусӣ ва панирҳоро низ дар ин рӯзҳо бояд парҳез кард. Бо сабаби истифодаи онҳо, аксуламали масуният метавонад аз ҳад зиёд бошад, тавзеҳ дод духтур.
«Аксуламалҳои манфӣ меафзоянд ва механизмҳои муассири дифоъ коҳиш меёбанд», — шарҳ дод Малишева.
Ба ақидаи ӯ, махсусан барои одамоне, ки аллергия доранд ё гирифтори астма ва дерматити атопикӣ ҳастанд, даст кашидан аз ин маҳсулот хеле муҳим аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ