АФУ ва ФФТ ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд


Дар шаҳри Тошканд мулоқоти кории ноиби аввали президенти Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон — Равшан Ирматов бо ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон — Дилшод Ҷуразода баргузор шуд. Дар мулоқоти мазкур рушд ва оммавигардонии футбол дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро васеъ муҳокима карданд ва дар бораи ҳамкориҳои доимии ду федератсияи миллӣ ба мувофиқа расиданд. Инчунин муовинони президенти АФУ ва ФФТ нақшаҳои баргузории бозиҳои дӯстона байни тимҳои миллии Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро баррасӣ карданд. Зикр гардид, ки ташкили бозиҳои байналмилалӣ на танҳо ба рушди футбол, балки муносибатҳои бародаронаи ду кишвар мусоидат хоҳад кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ