Довари бозӣ Португалияро аз пирӯзӣ маҳрум кард


Дар бозии 2-юми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 мунтахабҳои Сербия ва Португалия рақобат намуданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «Райко Митич — Срвена Звезда»-и шаҳри Белград баргузор шуда, бо натиҷаи мусовии 2:2 хотима ёфт. Ҳанӯз дар дақиқи 11-уми дидор ҳамлавари тими миллии Португалия — Диогу Жота ҳисобро кушод. Дар дақиқаи 36-ум бошд, Диогу Жота муаллифи дубл гашт. Дар оғози қисми дуюми дидор форварди мизбонон Александр Митрович ҳисобро 1:2 намуд. Дар дақиқаи 60-ум Филип Костич натиҷаро баробар намуда, дастаашро аз бохт наҷот дод. Бояд гуфт, ки дар нафасҳои охири бозӣ Роналду ба задани гол даст ёфт, аммо довар голи тозаи ӯро ба инобат нагирифта Португалияро аз пирӯзӣ маҳрум намуд. Баъди ду бозӣ дастаи миллии Португалия соҳиби 4 хол шуда, дар зинаи 2-юми ҷадвали гурӯҳи “А” қарор гирифт.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ