Агар витамини В 12 нарасад


Олимони Академияи табибони оилавии Амрико се аломати пӯст, ки ҳангоми норасоии витамини B12 пайдо мешаванд, муайян карданд. Ин витамин барои фаъолияти асаб, инчунин дар тавлиди ҳуҷайраҳои сурхи хун ва синтези ДНК муҳим аст.
Яке аз нишонаҳои аввалини норасоии В 12 гиперпигментатсия мебошад, ки дар он минтақаҳои мушаххаси пӯст ториктар (сиёҳ) мешаванд. Ин аломат одатан дар одамони пир мушоҳида мешавад.
Раванде, ки дар пӯсти одам доғҳои сафед пайдо мешаванд, витилиго номида мешавад. Он инчунин норасоии витаминҳоро нишон медиҳад. Пӯст пигментатсияро гум мекунад, доғҳои сафед аввал дар даст пайдо мешаванд, пас аз он дар узвҳои поёни рӯй, сипас дар қисмҳои боқимонда. Ин беморӣ аз насл мегузарад.
Сустии мушакҳо
Норасоии витамини В12 на танҳо хастагии умумӣ, балки сустии мушакҳо, танбалиро низ ба вуҷуд меорад.
Муаммо дар биноӣ
Дар ҳолатҳои фавқулоддаи нодир, норасоии витамин метавонад ба асаби оптикӣ, рагҳои чашм таъсири манфӣ расонад ва биниши дучанд, сояафканӣ, хира шудан ё ҳатто нобиноии муваққатиро ба вуҷуд орад.
Киҳо ба хатари норасоии витамини В12 дучор мешаванд?
Ҳар яке аз нишонаҳо наметавонад ба шумо норасоии ин витамини муҳимро нишон диҳад. Ба ҳар ҳол, агар шумо дар худ аломатҳои моили норасоии витамини В12-ро мушоҳида кунед, барои санҷиши сатҳи В12 хун супоред.
Тарҷима ва таҳияи Лола РАҲИМОВА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ