Дар Фаронса алайҳи қонун дар бораи тағирёбии иқлим эътироз баргузор мешавад


Аҳолии Фаронса муътақиданд, ки бояд алайҳи тағирёбии иқлим чораҳои ҷиддитар андешида шавад, аз ин рӯ дар ду рӯзи охир дар ин кишвар намойишҳо рух медиҳанд.
Зиёда аз даҳ ҳазор нафар алайҳи баррасии қонун дар парлумон эътироз карданд. Аксари эътирозгарон дар маркази Париж ва Лион ҷамъ омада истодаанд.

Бояд гуфт, ки эътирозҳоро асосан созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва иттифоқҳои касаба анҷом медиҳанд.

Лоиҳаи амалкунанда талаб мекунад, ки то соли 2030 партоби углерод 40 фоиз коҳиш ёбад. Аммо тибқи нақшаи ИА, партовҳои углерод бояд 55 фоиз коҳиш дода шаванд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ