Рӯзҳои истироҳатӣ дар Туркия боз соати комендантӣ ҷорӣ мегардад


Ба далели афзоиши сирояти коронавирус дар Туркия дубора дар минтақаҳои “сурх”-и ин кишвар рӯзҳои шанбе ва якшанбе соати комендантӣ ҷорӣ мегардад. Қаблан соати комендантӣ танҳо рӯзҳои якшанбе ҷорӣ буд.
Бино ба хабари расонаҳо ба нақл аз Раҷаб Ардуғон – раисҷумҳури Туркия, ҳоло шумори шаҳрҳои “сурх” 58-то буда, Истанбул, Анқара, Анталия ва Измир аз ин ҷумлаанд. Дар ин шаҳрҳо тақрибан 80 дарсади аҳолии Туркия зиндагӣ мекунанд.
Рӯзи 27 март дар Туркия беш аз 30 ҳазор ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт шуд, ки ин дар соли ҷорӣ натиҷаи “рекордӣ” ба шумор меравад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ