Муаммои хобгоҳ барои донишҷӯёни Самарқанд кай ҳал мешавад?


Дар нишасти матбуотие, ки бо иштироки Ҳусан Тӯхтаев, раиси садорати Агентии кор бо ҷавонони вилояти Самарқанд барпо шуд, корҳои иҷрошуда дар семоҳаи аввали сол ва реҷаи солонаи агентӣ баррасӣ гардид.
Яке аз масъалаҳои муҳимми ин нишаст муаммои таъмин набудани аксари донишҷӯёни Самарқанд бо ҷойи хоб буд. Хобгоҳҳои баъзе аз донишгоҳҳо ҳамаи донишҷӯёни ниёзмандро бо ҷойи хоб таъмин карда наметавонад. Илова бар он, баъзе донишгоҳҳои Самарқанд умуман хобгоҳ надоранд.
Ба гуфтаи Ҳусан Тӯхтаев, садорати вилоятии Агентии кор бо ҷавонон дар ҳоли ҳозир барои ҳалли ин масъала чораҷӯӣ мекунад. Аз ҷумла, ҳоло барои таҳияи платформаи махсус дар интернет, ки дар он иҷоранишинон ва соҳибони хонаҳои иҷорагӣ метавонанд ҳамдигарро осон пайдо кунанд, озмун эълон шудааст. Вақте, ки ин платформа ба кор медарояд, он низ мушкили донишҷӯёнро каме осон хоҳад кард.
Вале, ҳама донишҷӯ ҳам имкони иҷоранишиниро надорад. Чун кисаашон пули иҷоранишиниро намебардорад.
Тӯхтаев таъкид кард, ки ҳукумат дар ин замина низ барнома дорад ва дар ояндаи наздик 6-то хобгоҳи нав барои донишҷӯён дар Самарқанд сохта мешавад.
Раиси садорати кор бо ҷавонон дар давоми нишасти матбуотӣ дар бораи барномаи давлатии “Дастгирии тадбиркории оилавӣ” низ ҳарф зад.
Ӯ гуфт, ки соли ҷорӣ бонкҳои вилояти Самарқанд дар чорчӯби ин барнома 620 миллиард сӯм кредит ҷудо мекунанд, ки 185 миллиард сӯми он барои дастгирии тадбиркорони ҷавон пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин, дар доираи барномаи “Дастгирии тадбиркории оилавӣ” барои 1 902 лоиҳаи тадбиркории ҷавонон 41 миллиарду 676 миллион сӯм ҷудо шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ