Машъали Олимпӣ дар дасти зани 104-сола



Ҳаракати машъали олимпӣ дар кишвари Ҷопон панҷ рӯз қабл оғоз гардид. Дар яке аз шаҳрҳои ин кишвар бонуи 104 сола машъали Олимпиро интиқол дод.

Шисуи Хакасии соли 1916 дар шаҳри Тотигии Ҷопон таваллуд шуда яке аз бузургсолони шаҳри Насукарасуяма мебошад. Ӯ соҳиби ду фарзанд буда шавҳараш дар ҷанги дуюми ҷаҳони вафот кардааст. Ифтихори интиқол додани машъали олимпӣ ба ӯ вогузор шуда, Шисуи Хакасии онро дар шаҳри Насукарасуяма ҳамроҳ бо писари 77 солааш ба иҷро расонид. Зимнан эстафетаи машъали олимпӣ дар Ҷопон аз 25-уми март оғоз шуда, 121 рӯз идома хоҳад кард.

Дар ин муддат машъал ба 859 нуқтаҳои аҳолинишин бурда мешавад ва моҳи июли соли ҷорӣ ба Токио интиқол ва Бозиҳои Олимпии тобистонаро оғоз мебахшад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ