Ҷаҳонаш чун Самарқанд аст

Онеро, ки мехоҳам дар бораи ҳунараш сухан гӯям, ҳанӯз аз замони донишҷӯӣ хуб мешиносам. Шеърҳояш, дар матбуот чоп мешуданд ва ҳамсараш Светахонум, ки дар курси 4-ум мехонд, аксарият донишҷӯён ӯро бо лутф «шоирпошшо» мегуфтанд. Минбаъд дар давоми солҳо унсияти ман бо ин мард бештар шуд. Қабл аз ҳама хислатҳои неки инсониаш ва хабардориаш аз адабу фарҳанг маро сӯи ӯ ҷазб кард ва ин алоқамандӣ то имрӯз кам намешавад.
Салим Кенҷа нахустин шеърҳояшро ҳанӯз замони донишомӯзи омӯзишгоҳи педагогӣ буданаш бо роҳбарии устодонаш Абдусалом Деҳотӣ ва Тӯрақул Зеҳнӣ дар матбуот ба чоп расондааст. Баъдтар, вақте, ки донишҷӯи факультети филологияи тоҷик ва ӯзбеки Донишгоҳи давлати Самарқанд буд, бештар шеър мегуфт ва дар матбуоти Ӯзбекистону Тоҷикистон нашр мекард. Ман он солҳо шеърҳояшро дар рӯзномаҳои «Ҳақиқати Ӯзбекистон», «Пионери Тоҷикистон», «Садои Шарқ», «Машъал» ва ғайра хонда, шодӣ мекардам, ки дар шаҳри мо шоире ба камол мерасад.
Он солҳо Салим Кенҷа аксаран шеърҳои ҷадвалӣ мегуфт. Яъне бо фаро расидан ё дар арафаи маъракае шеъри ӯ дар матбуот чоп мешуд. Ростӣ, ин ба ман маъқул набуд. Бисёр мехостам Салим Кенҷа шеъре ҳамқади вақту фазову макони зиндагиаш бигӯяд. Хушбахтона, чунин ҳам шуд. Нахустин маҷмӯаи ӯ «Сайқали дил» аллакай аз шеъри ҷадвалӣ фаротар рафт. Шеъри ин маҷмӯа ҳам аз назари мавзӯъву мундариҷа, шакли шеърӣ ва ҳам ҳунари гӯяндагӣ тафовут доштанд. Аз маҷрои умумии инкишофи шеъри тоҷикӣ ҷудо набуданд. Инак, баъди гузашти солҳо китоби дуввуми ӯ «Садои Самарқанд» ба чоп расид, ки ашъори тозаи дар солҳои мухталлиф навиштаи шоирро фаро мегирад. Китоби аввал ва сонии Салим Кенҷаро гардон-­гардон мехонам. Садои дили ӯро ҳамчун садои дили онҳое мешиносам, ки роҳи мустақимашро дар зиндагӣ хеле барвақт ҳамвор сохта, солҳост, ки ҳам бо фаъолияти омӯзгорию рӯзноманигорӣ, наттоқӣ ва ҳам шоирӣ равшангари дилу дидаҳост. Вай номзади илми педагогӣ буда, фаъолияташро аз омӯзгорӣ дар мактаби миёна оғоз карда, баъд дар радиои вилоятӣ заҳмат кашида, солҳо ба баъд дар макотиби олии Самарқанд омӯзгорӣ кардааст.
Китоби шеърҳояшро саҳифагардон мекунам. Нақши зиндагии пурзаҳмат ва босамари ӯ паси ҳар сатри шеъраш рӯшан ба назар мерасад. Шеър­ҳояш садои дили ҷӯянда, ёбанда ва шодкоми саҳифабахшон аст. Ҷӯяндагиву ёбандагии шоирро мо қабл аз ҳама дар шеърҳои ба Самарқанд бахшидааш равшан мебинем. Мебинем, ки вай чӣ гуна муҳаббати фарзандиашро ба сари ин шаҳри қадиму азизу азим барчош медиҳад. Салим Кенҷа дар китоби аввалони худ низ шеърҳои барозандае дар ҳаққи Самарқад чоп карда буд, ки «Самарқанд», «Садои Самарқанд», «Ҷаҳони ман, Самарқанд» аз ҷумлаи онҳост ва дар ин шеърҳо байту пораҳои дилангези шоиронае буданд, ки дар ёдҳо хоҳанд монд. Дар китоби дуввум муаллиф боби «Меҳрнома»-ро тахсис додааст, ки он як навъ қасидаи меҳру муҳаббати ӯ нисбат ба шаҳрест, ки ӯро парвардаасту дӯсташ медорад. Ба ҷуз шеъри «Садои Самарқанд», ки аз китоби аввал иқтибос шуда, дигар ҳама шеърҳо тоза мебошанд. Салим Кенҷа дар шеъри «Самарқанди ман» аз зебоиҳои ин шаҳри шукӯҳманд, ки воқеъан ҳам метавонад боиси ифтихор бошад, сухан мегӯяд. Дар ҳар мисраъ суханҳо ва тавсифҳое меҷӯяд, ки хоси шукӯҳи шаҳомати ин шаҳр ҳастанд. Шеърро хонда ба самимияти гуфтор, хоса байтҳои зер бовар мекунем:
Аё боғшаҳри азизу куҳан,
Фидои ту бодо маро ҷону тан.
Ҳаёту мамотам ту, оре, туӣ,
Самарқанди ман, буду нобуди ман.
Ғазали «Фарзанди Самарқанд» низ меҳрномаи ӯро комил месозад. Дар ин ғазал, ки шоирона гуфта шудааст, чеҳраи маънавию қудсии ин шаҳри мунаввару мукаррам паси сатрҳо шаъшаъапошӣ мекунад ва месазад, ки хонандаи шеъри Салим ҳамроҳи ӯ ва аз ҷониби ӯ байти мақтаъи ифтихорӣ хонад:
Ба ҷӯш ояд дилам чун чашмасорон,
Зи ҳар як рӯзи хурсанди Самарқанд.
Салим Кенҷа дар силсилаи шеърҳои «Меҳрнома» чеҳраи таърихии «шаҳри ҷонаш»-ро бо камоли меҳр ва масъулият офаридааст. Мо атрибутҳои хоси ин шаҳри суннатиро дар шеъри ӯ дармеёбем. Мебинем, ки шоир бисёр мехоҳад ёди Самарқанди куҳанро бо Самарқанди кунунӣ дар­омезад ва онро дар дили муосирон зинда созад. Дар ҳамин замина шеъри «Садои Самарқанд» рӯи қадимӣ, вале ҷовидона ҷавони «шаҳри ҷон»-ро тақвият мебахшад ва моро сари буду набуди он ба андеша мебарад. Шеърҳои баъдии ин силсила ҳар кадоме ба наҳве якдигарро такмил мебахшанд. Дар шеъри «Хоки муқаддас» эҳсоси дӯстдорӣ бо ифтихор даромехта, шоир ҳастиашро бо хоку обу «шаҳри ҷон» ба ҳамешагӣ пайванд мебинад. Ва дар анҷоми шеър низ орзуяш ниҳояти таъкиди маънии кулли шеър аст, яъне «шавам ман кош рӯзе хоки покат …»
Дар оғози маҷмӯа профессор Садрӣ Саъдиев гуфтааст, ки «… аз забон шоири Самарқанд буданаш аён аст, зеро ҳам дар маҷмӯаи аввалин ва ҳам дар маҷмӯаи ҳозира калимаю ифодаҳои гуфтугӯии мардуми Самарқандро тавониста кор фармудааст. Вале забонаш ҳаргиз шевагӣ нест.» Ин мулоҳизаи комилан дуруст аст ва танҳо ба шеъри Салим Кенҷа дахл надорад. Мутаассифона, то ҳол кам касоне ба махсусиятҳои адабиёти Самарқанд таваҷҷӯҳ кардаанд. Агар аз ин гуфта фаротар равем, дармеёбем, ки шеъри шоирони самарқандӣ ифодагари идроки хоси муҳити маънавии ин шаҳри суннатӣ ва хос будааст. Бо ин гуфта ман муҳити волои рӯҳониву маънавиеро дар назар дорам, ки дар ҳар замон танҳо бо арзишҳои олии ахлоқиву маънавии инсоният сару кор доштааст. Ин адабиёт бо резакориҳо ва назари маҳдуд нагаравида, намояндагонаш дар радифи обидаҳои арзишманду бошукӯҳаш осори шукӯҳманд гуфтаанд. Салим Кенҷа низ парвардаи ҳамон муҳити адабиёт, ки дар замони дарҳамшиканиаш Васлӣ онро васл кард ва имрӯза ҷамъияти «Сайқал», ки қаламкашоне чун Мардонқул Муҳаммадқулов, А. Пирӯзӣ, Ҳ. Даврон, Ҳ. Баҳром, Н. Каримзода, Р. Наимӣ, Хоҷа, Ҳ. Рашидӣ, М. Неъматзода, Шаҳзода, С. Насрӣ, Парисо ва ғайраҳо муттаҳид месозад, идомадиҳандаи ҳамин анъана аст.
Салим Кенҷа низ чун ҳамқаламони дигараш дар солҳои душвор ин анъанаро зинда дошт ва воқеан ҳам шеъри хоси самарқандӣ гуфт. Нигоҳаш ба «шаҳри ҷон»-аш шоирона ва хос аст. Вай дар Самарқанд чизеро мебинад, мешиносад ва арҷ медиҳад, ки на ҳар кас онро дида метавонад. Дар ҳамин мақтаъ вақте ки ба Регистон менигарад, дидааш «пур мешавад аз рангҳо» ва шеъри «Регистон» аз ҳамин гуна ранг­ҳои шоирона моломол аст. Нигоҳи шоиронааш аз миёни садҳо тасвири хурду бузург манзараи чашмафрӯзи шоиронаеро дармеёбад, ки ин аст:
Акс гардад ҳамчу дар оинае,
Партави хуршед рӯи сангҳо.
Шеъри «Нони Галаосиё» низ тасаввури хонандаи канориро дар бораи ин шаҳр комилтар месозад. Ин ҳама ифтихори шоир заминаи воқеӣ дошта, бори дигар моро ҳушдор медиҳад, ки Самарқанд қабл аз ҳама шаҳри ақлу фаросату ҳунар будааст ва тиҷорат низ дар ин ҷо фақат дар ҳамин замина рушд карда, ба равнақи илму ҳунар мусоидат намудааст. Ва сӯхтану армоншикании Салим Кенҷа дар шеъри «Ман насӯзам, кӣ бисӯзад», ҷо дорад. Ва армонаш шоиронаву зебо буда, бояд раҳнамои ҳазорон ватандорони ин марзи мукаррам бошад.
Баҳри ташбеҳи ту аз ҷон,
Тозагул аз Боғи Майдон,
Лолаҳо аз кӯҳсорон,
Ман наҷӯям, кӣ биҷӯяд?!
Ин шеър ҳанӯз мақтаъи силсила нест. Дар фароварди он «Дубайтиҳои Самарқанд» омадааст, ки байту пораҳои хубе низ дорад.
Шеъри «Турнаҳои баҳор» низ моломол аз нигоҳи поки шоиронааст, ки хоси наврасон мебошад. Ин аст, ки раддаи турнаҳо дар нигоҳаш арғамчин мешавад, ҳалқа мешавад ва аз ҳалқаҳои зиндагӣ ёдоваранд. Шоир дар ин замина аз қисмати турнаҳо хавотир мешавад ва андозаи андешаи ӯро бо дар паҳлӯяш будани модар чен кардан мумкин аст, ки воқеан ҳам шоирона дидану шоирона андешидан мебошад.
Шеърҳои «Рафтӣ аз дунё баҳорон…», «Кӯҳворӣ, модарам», «Аллаи модар», «Меҳри модар», «Илтиҷо» ва ғайра аз ягон ҷиҳат чеҳраи маънавии модарро дар шеъри ӯ комил месозанд. Муҳим он аст, ки тасаввуроти шоиронаи ӯ дар бораи модар аз воқеият ҷудо нест. Нақши сарнавишт ва азобу роҳатҳои эҳдо кардаи онро мо аз чеҳраи модари шеъри ӯ равшан мехонем ва ҳасрати ӯро ба дил қарин мешиносем, зеро марҳами захмҳои қисмати инсонист:
Эй Салим, гарчи расидам то балоғат бепадар,
Модарам буд ҳам падар, ҳам хоҳарам, ҳам додарам…
Достони самимӣ ва саршор аз муҳаббати ӯро нисбат ба модар манзумаи «Чароғи падар» комил месозад. Ин манзума ба мо аз ятимии ӯ, ранҷҳои модар, марги нобаҳангоми падар, қалбҳои шикас­таю армонҳои ношикаста, баҳору хазони зиндагӣ, гумкардаву ёфтаҳо нақл мекунад. Ба ҷиҳати он, ки шоир сарнавишти модар, падар ва худро дар фони воқеияти сарнавиштсоз санҷидааст, ҳар чи ӯ мегӯяд танҳо ба ӯ тааллуқ надорад. Дарди шоир ба дили мо низ кӯч мебандад, қаҳрамони лирикии ӯ хонандаро низ аз паси худ то мазҳари қадршиносиву одамгарӣ ва худсозӣ роҳнамоӣ хоҳад кард.
Салим Кенҷа дилрезаҳои шеърашро зери унвони «Дилнома» фароҳам оварда, хонандаро ба ин васила ба худшиносӣ, халқпарварӣ, фарҳанг­писандӣ ва шинохтани ҳаққи халқу миллат фаро мехонад, ки, мутаассифона, дар бораи ҳамаи ин шеърҳо ин ҷо маҷоли сухан гуфтан надорам. Вале дар хотимаи ин навишта, ки илқои дилам буд ва алоқамандие, ки бо Салим-­ака доштам, маро ба ин амал водошт, як нуктаро бояд бигӯям. Салим Кенҷа ба маънои тамом шоир аст ва минбаъд ӯ бояд дар радифи пастиву баландиҳои Самарқанд – ин «шаҳри ҷон»-аш шеър гӯяд.

Ҷумъақул ҲАМРОЕВ, профессор, доктори илмҳои филологӣ,
мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ