Салоҳ дар борaи хусуматаш бо Серхио Рамос гуфт


Форварди мисрии дастаи “Ливерпул” — Муҳаммад Салоҳ гуфт, ки бо ҳимоятгари “Реал Мадрид” — Серхио Рамос мушкиле надорад. Бояд гуфт, ки дастаҳои “Реал” ва “Ливерпул” бозии аввалини марҳилаи ¼ ниҳоии Лигаи Чемпионҳоро 6-уми апрел баргузор мекунанд. Ёдовар мешавем, ки дар финали Лигаи Чемпионҳои соли 2018 Салоҳ ҳангоми бархӯрд бо Рамос осеби ҷиддӣ бардошта, майдонро тарк намуда буд.

«Он бозӣ аллакай гузашт, аз ин рӯ ман фикр намекунам, ки бо Рамос мушкилӣ дошта бошам. Ман дар бораи даста фикр мекунам. Ҳама ба дастаи худ содиқанд ва ҳама мехоҳанд ғолиб оянд… тамом. Биёед бигӯем, ки ман нақшаи махсус барои пирӯзӣ ва ба даври ½ финал баромаданро дорам. Умедворам, ки ба монанди солҳои гузашта, амал хоҳам кард. Гол задан пирӯзиҳо, ба дастаи худ дар гирифтани унвонҳо кӯмак расонидан, бароям хеле муҳим аст», — гуфт Салоҳ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ