Рамзи Олимпиадаи зимистонии соли 2026 тақдим шуд


Кумитаи байналмилалии Олимпия (КБО) рамзи Бозиҳои зимистонии Олимпияи Милан ва Кортина-2026-ро тақдим кард.
Бино ба хабари КБО, рамзи мусобиқа бар асоси раъйдиҳии мардуми Италия тасдиқ шуд.
Дар марҳилаи ниҳоии озмун рамзҳои ширкатҳои Dado ва Futura роҳ ёфтанд. Саранҷом 74 дарсади одамон барои рамзи Futura раъй доданд.
Ба гуфтаи Сари Эссайя, раиси комиссияи ҳамоҳангсозии Олимпиадаи КБО, ин рамз арзишҳои асосии бозиҳои зимистонии Олимпия ва Паралимпия мунъакис мекунад.
Ёдовар мешавем, мусобиқаи Бозиҳои Олимпияи зимистонии Милан ва Кортина рӯзҳои 6-28 феврали соли 2026 баргузор мегардад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ