Коронавирус дар Ӯзбекистон: 187 нафар бемори нав дар як шабонарӯз


Рӯзи 30 март дар 12 минтақаи Ӯзбекистон дар умум 187 нафар гирифтори коронавирус шуданд. Дар ин бора вазорати ҳифзи тандурустӣ хабар дод.
Аксари беморон – 110 нафар мисли рӯзҳои қаблӣ дар шаҳри Тошканд ҳастанд. Ҳамчунин, дар вилояти мо низ шумори беморони нав зиёд мешавад. Рӯзи гузашта 18 нафар гирифтори коронавирус дар вилояти Самарқанд сабт шудааст.
Дар ин рӯз як нафар бемор даргузашт ва шумори умумии қурбониёни пандемия дар кишвар ба 629 нафар расид.
Ҳоло дар муассисаҳои тиббӣ 1257 нафар бемор муолиҷа мешаванд. Вазъи саломатии 191 нафар онҳо вазнин ва 85 нафар хеле вазнин аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ