AstraZeneca номи ваксинаи худро иваз кард


Ширкати англисӣ-шведии AstraZeneca номи ваксинаи зидди коронавируси худро иваз кард. Ваксина номи нави Vaxzevria гирифт. Дар ин бора сайти Агентии тиббии Аврупо хабар дод.
Ширкати AstraZeneca дар ҳоле номи ваксинаашро тағйир дод, ки рӯзҳои охир паиҳам дар бораи пайдошавии асоратҳои хатарноки он баъди эмкунӣ дар кишварҳои ҷаҳон хабарҳои гуногун паҳн шуд.
Ёдовар мешавем, баъди эмкунӣ бо ваксинаи AstraZeneca дар баъзе кишварҳои аврупоӣ беморон фавтиданд ва дар натиҷа чанд кишвар истифодаи онро қатъ кард.
Аммо, дере нагузашта Агентии доруҳои Аврупо барои саломатӣ бехатар будани доруро тасдиқ кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ